Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва раҳбарони 8 кишвари дигари ИДМ ба Душанбе меоянд


Раисони ҷумҳури 9 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои иштирок дар нишасти сарони ин созмон ба Душанбе меоянд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, маъракаи қабул ва нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ду рӯз идома хоҳад кард.

Як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз зуҳри 27-уми сентябр дар “Кохи Сомон” нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ доир шавад. Ба қавли манбаъ, вохӯрии сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 28-уми сентябр дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ баргузор мегардад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 11 узви ИДМ роҳбарони 9 кишвар дар нишаст иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла, Владимир Путин, Александр Лукашенко, Илҳом Алиев, Армен Саркисян, Нурсултон Назарбоев, Шавкат Мирзиёев, Сооронбой Ҷээнбеков ва Игор Додон ба Душанбе меоянд.

Аллакай шаби гузашта Игор Додон, раисҷумҳури Молдова вориди Душанбе шуд. Инчунин Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон 27-уми сентябр ба Душанбе мерасад. Дар назар аст, Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи боғи ба номи “Алишер Навоӣ” бо ҳамтои тоҷикаш иштирок кунад.

Дар вохӯрии сарони кишварҳои узви ИДМ 16 масъала баррасӣ мешавад. Муҳимтарини онҳо ин қабули “Барномаи байнидавлатии муборизаи якҷоя бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023” ва “Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ” аст.

Дар вохӯрии рӯзи 28-уми сентябр Тоҷикистон бояд раисии даврагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки як сол давом мекунад, ба Туркманистон супорад. Аммо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ки қарор буд раёсати даврагиро аз Тоҷикистон қабул кунад, ба Душанбе намеояд.

Нашрияи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан" ахиран навишт, ки Бердимуҳаммедовро дар ин нишаст Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистон иваз мекунад.

XS
SM
MD
LG