Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтақиди сарсахти Каримов аз Фаронса ба Узбекистон баргашт


Толиб Ёқубов
Толиб Ёқубов

Раҳбари Ҷамъияти ҳуқуқи инсони Узбекистон Толиб Ёқубов, ки замоне яке аз мунтақидони ашаддии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов буд, рӯзи 26-уми сентябр баъд аз 12 соли зиндагӣ дар хориҷ ба ватан баргашт. Ӯро соли 2014 аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум карда буданд.

Дигарандеш ва муҳоҷири сиёсии узбекро дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд наздикон ва ҳамкоронаш пешвоз гирифтанд. Худи Ёқубов гуфт, дар фурудгоҳ бо мушкиле рӯбарӯ нашуд.

Толиб Ёқубов соли 2007 дар пайи таъқибу фишорҳои хадамоти махсуси Узбекистон кишварро тарк кард. Вай пештар гуфт, намедонист, ки ӯро пинҳонӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд.

Ёдрас мешавем, 15-уми августи имсол аз сафорати Узбекистон дар Фаронса ба Ёқубов занг зада, гуфта буданд, ки ӯ метавонад, барои баргашт ба ватан раводиди яксоларо дарёфт кунад. "Консул ба ман гуфт, ки шумо бидуни ягон ҳарос метавонед, ба Узбекистон баргардед. Дар сафорат маро хеле хуб пазируфтанд ва дар даҳ дақиқа раводиди яксоларо омода карда, доданд. Пас аз 2 сол 80-сола мешавам ва бемор ҳастам. Чӣ гуна метавонам ба Узбекистон осеб расонам? Ватанро хеле пазмон шудаам", - гуфт ӯ.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи оянда бо сафари расмӣ ба Фаронса меравад. Ин нахустин сафари ӯ ба Иттиҳоди Аврупо ҳамчун президент хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG