Як гурӯҳи одамон дар канораҳои Тошканд ба як мард, ки дар тан либоси афсари пулисро дошт дарафтода, ӯро латтукӯб карданд ва пагонҳои канданд. Дар наворе, ки бахши Узбекии Радиои Озодӣ дастрас кард, шоҳидон гуфтанд, ки ҷанҷоли гурӯҳи одамон бо корманди пулис бар сари як зан буд. Ҳодиса моҳи июл дар назди тарабхонаи шаҳри Олмалики вилояти Тошканд рух дода, марди латтукӯбшуда корманди Шуъбаи пулиси Олмалик будаст.
Дар навор садои марде шунида мешавад, ки мегӯяд, "ҳолати ӯро ба навор бигир, чеҳраашро сабт кун! Рутбаи майорро ба ту додаанд, ки инҷо омада, бигардию лаззат бибарӣ?". Ин мард сипас дод зада, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дашном медиҳад.
Ба гуфтаи яке аз шоҳидон,ҷанҷол миёни сокинони маҳаллӣ ва корманди пулис бо айби майор сар зад. "Ду корманди пулис бо духтарҳо дар тарабхона менишастанд. Сипас яке аз онҳо ногаҳоназ ҷои худ баланд шуда, ба ҷавоне ҳамла кард, ки дар мизи ҳамсоя менишаст. Ҷавон низ ба таҳқирҳои маъмури пулис ҷавоб дод ва муштариён ҳама аз ӯ ҳимоят карданд. Видео дар кӯча сабт шудааст. Дар он охирин лаҳзаҳои ҳодиса омадааст", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дертар маълум шуд, ки додситонӣ ба омӯзиши ҳодисаи латтукӯби корманди пулиси Олмалик машғул аст. "Дар натиҷаи ҷанҷол ба корманди пулис ҳамла шудааст. Бо майоре, ки иштирокчии ҷанҷол буд, ба хотири берун баромадан аз меъёрҳои ахлоқӣ суҳбати тарбиявӣ анҷом доданд", - гуфт намояндаи пулиси шаҳри Олмалик.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, пулис сабабҳои ҷанҷол ва шикоят аз рафтори корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро меомӯзад, ки ба муштариёни тарабхона дар ҳолати мастӣ ҳамла кардааст.