Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА роҳи давр задани таҳримҳои ИМА алайҳи Эронро пайдо кард


Федерика Моғерини
Федерика Моғерини

Иттиҳоди Аврупо барои муомилоти молӣ бо Эрон ва давр задани таҳримҳои ИМА як ниҳодии молии ҷадид таъсис медиҳад. Дар ин бора шаби сешанбе намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ Фдерика Моғерини, баъди мулоқот бо аъзои "созиши ҳастаӣ"-и Эрон гузориш дод. Моғерини изҳоротро дар ҳошиияи нишасти СММ дар Ню Йорк пахш кард.

Британия, Фаронса, Олмон Русия ва Чин дар як изҳороти вежа тасдиқ карданд, ки Теҳрон шартҳои созишномаро иҷро мекунад. "Панҷгона" ҳамчунин тааҳуд кард, ки аз содироти нафту гази Эрон ва ширкатҳое, ки бо ин кишвар тиҷорат пеш мебаранд, пуштибонӣ хоҳад кард.

Ин панҷ кишвар дар коркарди созишнома, ки соли 2015 дар ҳузури президенти пешини ИМА Барак Обама иҷзо шуда буд, саҳм доранд. Қарордод бар ивази даст кашидани Эрон аз барномаҳои ҳастаӣ, таҳримҳоро алайи ин кишвар сабук мекунад. Моҳи май президенти ИМА Доналд Трамп аз ин созиш берун шуд ва таҳримҳои зидди Эронро дубора фаъол кард. Вашингтон ҳамчунин шариконашро бо таҳримҳо таҳдид кард ва талаб намуд, ки додугирифт бо Эронро қатъ кунанд.

Ахиран Бонки сармоягузории Аврупо аз пуштибонии тарҳҳои ширкатҳои Аврпуоӣ дар Эрон даст кашид. Рӯзи гузашта ширкати мошинсозии "Volvo" гуфт, ки банду басти мошинҳояш дар Эронро қатъ мекунад. Бинобар таҳримҳои Вашингтон алайҳи бонкҳои Эрон, ширкати шведии "Volvo" наметавонад бо Эрон додугирифт кунад.

XS
SM
MD
LG