Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти шатранҷбозони тоҷик дар даври аввали Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Фаррух Амонатов

Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи 43-юми ҷаҳонии шоҳмот, ки 23-юми сентябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Дар даври аввали Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми, ки 24-уми сентябр доир шуд, мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Амин Қобилов (капитан Ҷамшед Исоев) бар тими Лесото бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад.

Фаррух Амонатов бар Токело Клаас, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев бар Сечаба Халела, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев бар Ханиапа Теко ва Амин Қобилов бар Рамокотҷо Лекау пирӯзӣ ба даст оварданд.

Вале тими занонаи Тоҷикистон дар ҳайати Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ ва Сабрина Абророва (капитан Саодат Одинаева) дар даври аввал аз мунтахаби Чин бо ҳисоби 0,5:3,5 мағлуб шуд.

Танҳо Надежда Антонова бозиро бо Қиан Ҳуанг мусовӣ кард – 0,5:0,5. Марворид Насриддинзода аз Янг Чен, Мутриба Ҳотамӣ аз Тинҷие Леи ва Сабрина Абророва аз Мо Заи шикаст хӯрданд.

Баъди натиҷагирии даври аввал дар байни 144 кишвар 71 тими мардона, аз он ҷумла Тоҷикистон 4-имтиёзӣ доранд. Тими занонаи Тоҷикистон бо 0,5 имтиёз дар байни 150 кишвар ҷойи 82-юмро касб намудааст.

Дар даври дуюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми, ки бегоҳи имрӯз, 25-уми сентябр, барпо мегардад, тими мардонаи Тоҷикистон бо дастаи Ҷумҳурии Чех ва занони шатранҷбози тоҷик бо мунтахаби Непал рақобат мекунанд.

Олимпиадаи шоҳмотро Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар ду сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соли 1927 доир шудааст.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми то рӯзи 6-уми октябр идома хоҳад кард. Барои омодагӣ ва баргузории Олимпиадаи шаҳмот ҳукумати Гурҷистон 20 миллион доллар ихтисос додааст.

Ҳуқуқи мизбонии Олимпиадаи ҷаҳониро Батуми соли 2014 дар Ассамблеяи кулли Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар Торонто бо 93 раъй ба даст овардааст. Рақибаш – шаҳри Дурбан (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 58 раъй гирифта буд.

Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот Вишванатан Ананд, қаҳрамони 15-уми ҷаҳон баъди 12 сол дар ҳайати мунтахаби Ҳиндустон ширкат меварзад.

Қаҳрамони феълии ҷаҳон Магнус Карлсени норвегиягӣ дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Батуми иштирок намекунад, зеро ки ӯ ба мусобиқа барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон бо Фабиано Каруана, шатранҷбози Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз 9-ум то 28-уми ноябри имсол дар Лондон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG