Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бо шикаст додани "Хуҷанд" пешсафи ягона шуд


"Истиқлол"-и Душанбе баъди пирӯзӣ дар даври ҳаждаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 дар ҷадвал пешсафи ягона шуд.

Дар даври нуздаҳум "Истиқлол" 26-уми сентябр дар меҳмонӣ бо “Панҷшер” ва «Хуҷанд» 30-юми сентябр дар майдони худ бо ССКА “Помир” рӯбарӯ мешаванд.

Ин бозии марказии даври ҳаждаҳум 23-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 7000 мухлис доир гардид. Голи ягонаро ҳамлагари мизбонон Шериддин Бобоев дар дақиқаи 66-ум ба самар расонд.

Ба ин тартиб, се имтиёзи дар ин бозӣ бадастоварда ба «Истиқлол» имкон дод, ки бо 45 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи аввал барояд. «Хуҷанд» бо 42 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудааст.

Дар бозии дигари даври ҳаждаҳум «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳарду голро Меҳроҷиддин Музаффаров (дақиқаҳои 30-юм ва 90+1) ба самар расонд.

Вале ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ аз «РегарТадАЗ» -и Турсунзода бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳои меҳмононро Бахтиёр Қаландаров (дақиқаи 44-ум) ва Амирҷон Сафаров (дақиқаи 74-ум) заданд.

«Барқчӣ»-и Ҳисор низ дар меҳмонӣ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳои меҳмононро Нуриддин Ҳамроқулов (дақиқаи 49-ум) ва Далер Ёдгоров (дақиқаи 74-ум) заданд. Як голи мизбононро Парвиз Охунов (дақиқаи 29-ум) ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, мубориза барои медалҳои тилло миёни ду дастаи пешсаф – “Истиқлол” ва “Хуҷанд”– дар бозиҳои се даври боқимондаи мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон пуршиддат мегардад. Дар даври нуздаҳум "Истиқлол" 26-уми сентябр дар меҳмонӣ бо “Панҷшер” ва «Хуҷанд» 30-юми сентябр дар майдони худ бо ССКА “Помир” рӯбарӯ мешаванд.

Барои медалҳои биринҷӣ се даста – “Кӯктош”, “Регар-ТадАЗ” ва ССКА “Помир” – мубориза мебаранд. Дастаи нави лигаи олӣ - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 27 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст, барои дарёфти медалҳои биринҷӣ шонси хубтар дорад.

Дар даври ҳаждаҳум “Кӯктош” 26-уми сентябр дар меҳмонӣ бо “Барқчӣ”, “Регар-ТадАЗ” 29-уми сентябр дар майдони худ бо “Хатлон” рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Шериддин Бобоев, 66.

Бозигари беҳтарини дидор: Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

23 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7000 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 0:2

Голҳо: Бахтиёр Қаландаров, 44 (0:1). Амирҷон Сафаров, 74 (0:2).

Бозигари беҳтарини дидор: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

23 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 100 тамошобин.

«Хатлон» – «Барқчӣ» – 1:2

Голҳо: Парвиз Охунов, 29 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 49 (1:1). Далер Ёдгоров, 74 (1:2).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»), 90+2 – дарвозабон баргардонд.

Бозигари беҳтарини дидор: Далер Ёдгоров («Барқчӣ»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

23 сентябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

«Кӯктош» – «Панҷшер» – 2:0

Голҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров, 30 (1:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 90+1 (2:0).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Алишери Ҳотам («Панҷшер»), 5 – дарвозабон баргардонд.

Бозигари беҳтарини дидор: Меҳроҷиддин Музаффаров («Кӯктош»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

23 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 6000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

18

14

3

1

32-15

45

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

18

13

3

2

37-15

42

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

18

8

3

7

26-26

27

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

18

6

4

8

23-23

22

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

18

4

7

7

20-30

19

6

«Хатлон» (Бохтар)

18

5

3

10

18-24

18

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

18

3

6

9

14-24

15

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

18

4

1

13

14-27

13

Голзанҳои пешқадам: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 8 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ.

Даври 19-ум

26 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Панҷшер» – «Истиқлол»

«Барқчӣ» – «Кӯктош»

29 сентябр (шанбе)

Оғози бозӣсоати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

30 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 16:00

«Хуҷанд» – ССКА «Помир»

XS
SM
MD
LG