Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Ҷопон


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии дувумашро дар марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола дар Малайзия бо тими Ҷопон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Ин бозии гурӯҳи “А” 23 –юми сентябр дар варзишгоҳи «UM Arena»-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд.

Марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола то 7-уми октябр идома меёбад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” мунтахаби Тайланд тими Малайзияро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё 20-уми сентябр аз тими Малайзия бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ҷопон бо чор имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои Тайланд ва Малайзия бо сеимтиёзӣ мутаносибан зинаҳои дувуму севумро касб намудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз дар ҷойи чорум қарор дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз имкони ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфтанро аз даст надодааст. Барои ба даври чорякниҳоӣ баромадан футболбозони навраси тоҷик бояд дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ бар тими Тайланд пирӯз шаванд, ҳамчунин ба шарте ки Ҷопон мунтахаби Малайзияро шикаст бидиҳад.

Марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола, ки 20-уми сентябр дар Малайзия оғоз ёфт, то рӯзи 7-уми октябр идома меёбад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии охирини худ дар гурӯҳи «А» рӯзи 26-уми сентябр бо тими Тайланд рақобат менамояд.

Бояд гуфт, ки чор дастаи беҳтарини қаҳрамонии наврасони Осиё-2018 соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17) мешавад, ки дар Перу барпо мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола дар Малайзия

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

ТоҷикистонҶопон – 0:0

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов (Шоҳрух Сангов, 83), Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов (Озодбек Панҷиев, 87), Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров (Иброҳим Зокиров, 90+3).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон).

Сардовар: Сауд Алӣ Ал-Адба (Қатар).

Нозири доварон: Санкар Комалисваран (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Ричард Ҷонсон (Филиппин).

23 сентябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи «UM Arena». 115 тамошогар.

Тайланд – Малайзия – 4:2

Голҳо: Супҳанат Муеанта, 3 (1:0). Луқмон Ҳаким Шамсуддин, 12 (1:1). Супҳанат Муеанта, 21 (2:1). Муҳаммад Фирдавс Бин Кайронисам, 48 (2:2). Варагон Тҳонгбай, 57 (3:2). Апидет Ҷангам, 85 (4:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Луқмон Ҳаким Шамсуддин (Малайзия), 50 – барои бозии дағал.

23 сентябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 8596 тамошогар.

Даври 3-юм

26 сентябр (чоршанбе)

Малайзия – Ҷопон. Варзишгоҳи миллӣ

Тайланд – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «UM Arena»

XS
SM
MD
LG