Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: Трамп омодаи дидор бо раҳбари Эрон аст


Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, аз майл ё алоқамандии президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп барои дидор бо раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ хабар дод. Ӯ рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки "ин музокира ҷолибу муҳим хоҳад буд".

Ман аз Зариф мехоҳам, ки рӯи амнияти мардуми худаш тамаркуз кунад, ба ҷои инки дунболи эҷоди ноамнӣ дар гӯшаву канори ҷаҳон бошад

"Президент ба музокира моил аст"

Помпео дар суҳбат бо телевизиони "Fox News" дар бораи дидори эҳтимолии Трамп бо мақомҳои эронӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, "ҳанӯз намедонам оё раиси ҷумҳур барномае барои дидор бо онҳо дорад, ё не. Агар қарор бошад, гуфтугӯи созандае бо Эрон сурат гирад, президент хушҳол хоҳад шуд, ки онро анҷом диҳад. Ӯ алоқаманди ин музокира аст."

Вазири корҳои хориҷии Амрико дар посух ба пурсиши муҷрии барнома, ки "ҳатто бо раиси ҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ?" гуфт: "Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ аст. Ӯ саҳнагардони кишвар аст. Фикр мекунам, он музокира ҷолибу муҳим хоҳад буд."

Майк Помпео
Майк Помпео

Барандаи барнома аз Майк Помпео пурсид, "манзуратон ин аст, ки раиси ҷумҳур моил аст бо Оятуллоҳ Хоманаӣ дидор кунад?" ӯ ҷавоб дод: "Раиси ҷумҳур гуфтааст, моил ба музокира бо ҳар касест, ки дунболи гуфтугӯи созанда бошад."

"Ба Эрон бастагӣ дорад, на ба ман"

Ин нахустин бор нест, ки мақомҳои амрикоӣ барои музокира бо Эрон бар сари ихтилофи амиқи миёни ду кишвар эълони омодагӣ мекунанд. Қаблан Доналд Трамп омодагиашро барои гуфтугӯ бо мақомоти эронӣ "бидуни ҳеч шарте" эълон карда буд. Вале пас аз инки раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ ба ин дархост вокуниши манфӣ нишон доданд, ӯ гуфт, “бибинем чи иттифоқе дар иртибот бо Эрон меафтад. Инки бихоҳанд суҳбат кунанд ё на, бастагӣ ба худашон дорад, на ба ман. Ман ҳамеша дастрас хоҳам буд."

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки Амрико ба далели хуруҷ аз созиши ҳастаии соли 2015 қобили бовар нест ва аз тарафи дигар, ба қавли Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ, "дидоре барои дидор маъно надорад".

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Мушкилоти пулӣ ва иқтисодии Эрон дар пайи хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ ё БАРҶОМ шиддат ёфтааст. То ҷое ки Доналд Трамп гуфт, Эрон дар ҳоли ҳозир дар ошуфтагии комил аст ва онҳо танҳо ба фикри наҷоти худашон ба унвони кишвар ҳастанд.

Амрико аз Эрон чӣ мехоҳад?

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар бахши дигаре аз мусоҳибааш бо "Fox News" Эронро муттаҳам кард, ки ба дунболи зарба задан ба манфиатҳои Амрикост. Помпео гуфт, “ба чанд ҳафтаи гузашта нигоҳ кунед. Онҳо суроғи манфиатҳои Амрико дар дохили Ироқ рафтанд, дар Басра ва Бағдод. Мо аз Эрон мехоҳем, ки ба унвони бузургтарин ҳомии терроризм пуштибониашро аз он мутаваққиф кунад. Вале ҳеч нишонае дар даст нест, ки ба дунболи ин кори муҳим бошанд.”

Ӯ дар робита ба ҳамлаи рӯзи шанбе дар Аҳвоз, ки 25 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷо гузошт ва, ҳамчунин, иттиҳоми вазири корҳои хориҷии Эрон дар мавриди гӯиё даст доштани Амрико дар ин ҳодиса гуфт, “ман изҳори назари Ҷавод Зарифро дидам. Вақте шумо шоҳиди як ҳодисаи амниятӣ дар кишваратон ҳастед ва баъд дигаронро гунаҳкор бидонед, ин як иштибоҳи бисёр бузург аст”.

“Ман аз Зариф мехоҳам, ки рӯи амнияти мардуми худаш тамаркуз кунад, ба ҷои инки дунболи эҷоди ноамнӣ дар гӯшаву канори ҷаҳон бошад”, - афзуд ӯ.

Иттиҳоми Эрон ва ду баёнияи зидди он

Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи 22-юми сентябр дар “Твиттер” навишта буд, “террористҳое, ки тавассути як режими хориҷӣ ба хидмат гирифта шуда, омӯзиш дида ва мусаллаҳ шудаанд, ба Аҳвоз ҳамла карданд. Кӯдакон ва хабарнигорон дар миёни кушташудагон ҳастанд. Эрон ҳомиёни минтақаии террор ва арбобони амрикоии онҳоро масъули чунин ҳамлаҳо медонад.”

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, низ рӯзи 23-юми сентябр иддаои ба ин монандро матраҳ кард. Никки Ҳейлӣ, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин Иморомти Муттаҳидаи Арабӣ бо интишори баёнияҳо иддаои мақомҳои Эронро рад карданд.

XS
SM
MD
LG