Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манижаи Давлат: "Мехоҳам, Макгрегор мағлуб шавад"


Манижаи Давлат
Манижаи Давлат

Манижаи Давлат, овозхони шинохтаи тоҷик гуфтааст, ҳарчанд то кунун мухлиси ашадии Конор Макгрегор, варзишгари ҷанҷолии ирландӣ буд, аммо орзуяш дидани шикасти ӯ дар рақобати моҳи оянда аст.

Манижа дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм навиштааст, “Чанд сол боз аст, ки рақобатҳои Конор Макгрегорро тамошо мекунам ва баъзеҳо пай бурдаанд, ки мухлиси ӯ ҳастам ва барои ман қаҳрамон фақат ӯст”.

Аммо гуфтааст, Манижаи Давлат мехоҳад, ки дар набарди ӯ бо Ҳабиб Нурмагамедови доғистонӣ, варзишгари рус пирӯз шавад, чун ба навиштаи Манижа “Ҳоло сухан дар бораи виҷдон, номус ва шарафи ман меравад... Сухан дар бораи дини ман меравад, чун ҳеҷ касе ҳақ надорад, онро таҳқир кунад. Ҳар кас, ки набошад, ҳатто касе, ки барои ман маҳбуб аст.”

"Худо кунад, ки ( ӯ шикаст хӯрад)" навиштааст, Манижаи Давлат. Маълум нест, овозхони тоҷик кадом таҳқири Конор Макгрегорро дар назар дорад, аммо дар нишасти хабарии ду рақиб дар рӯзи 20-уми сентябр, Конор Макгрегор падари Ҳабиб Нурмагомедов ва худи ӯро тарсуе номид, ки мисли “барги бед меларзанд”. Байни ду тараф дар гузашта радду бадалҳои тавҳиномез сурат гирифтааст.

Манижаи Давлат акси ду нафарро, ки бо виқор менигаранд, дар саҳифааш гузоштааст ва шарҳашро зери он гузоштааст. Манижа ки солҳост дар саҳнаҳо зоҳир намешавад, дар Инстаграмм бештар аз 80 ҳазор мухлис дорад.

Рақобати Макгрегор ва Ҳабиб Нурмагомедов, рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико баргузор мешавад. Конор Макгрегор қаҳрамони муҳорибаҳои омехтаи UFC дар вазни сабук аст.

Моҳи апрели имсол Ҳабиб Нурмагамедов унвони қаҳрамониро ба даст овард ва аз рақибони қавиии варзишгари ҷанҷолии ирландӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамин сол барои ҳамла ба автобуси варзишгари рус дар Амрико ҷазо гирифт.

XS
SM
MD
LG