Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коммунистҳои рус ҳазорон нафарро ба эътироз бароварданд


Тазоҳурот дар ҳафтаи гузашта ҳам баргузор шуд.
Тазоҳурот дар ҳафтаи гузашта ҳам баргузор шуд.

Ҳазорон нафар дар Русия ба зидди қарори давлат барои то 5 сол боло бурдани синни нафақа тазоҳурот карданд. Ба гуфтаи пулис, дар тазоҳуроти ташкилкардаи Ҳизби Коммунист ва гуруҳҳои чапгаро дар шаҳри Маскав то 3 ҳазор нафар ҳузур доштанд.

Аммо баргузоркунандагон мегӯянд, ки теъдоди тазоҳургарон ба 20 ҳазор нафар мерасид. Дар умум дар рӯзи 22-уми сентябр дар 22 шаҳри Русия намоишҳои эътирозӣ баргузор шудааст.

Қарори давлат барои аз 60 то 65 солагӣ боло бурдани синни нафақа барои мардон ва аз 60 солагӣ ба нафақа фиристодани занон дар Русия сабаби норизоиятии мардум ва эътирози онҳо шуд ва обруи раиси ҷумҳур Владимир Путинро дар байни онҳо коҳиш дод. Мардум мегӯянд, мумкин аст, то 65 солагӣ нарасанд.

XS
SM
MD
LG