Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳди Тоҷикистону Узбекистон барои мубориза бо террористон


Ҳайатҳо дар Хуҷанд мулоқот доштанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки афсарони баландпояи вазорат ва ҳамтоёни онҳо аз Узбекистон тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд.

Вазорат дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 21-уми сентябр гуфт, ки мулоқоти рӯзи 18-уми сентябр бо ҳузури Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои мутташаккил ва Дониёр Қодиров сардори Сарраёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми вазорати умури дохилии Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Дар нишаст роҳбарони ҷузъу томҳои ҳамин сарраёсат дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон ширкат кардаанд. Вазорат гуфт, ду тараф ҳамчуннин масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар, дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ ва мубодилаи иттилоот ва мусоидат намудан ба боздошти ҷинояткорони фирориро баррасӣ карданд.”

Вазорат изҳори умедворӣ кардааст, ки мулоқот барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар заминаи воқеӣ мегузорад ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат мекунад.

Видеоҳои охирин

Баҳои баде, ки Тоҷикистонро ғамгин мекунад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG