Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Русия таҳримҳои нави Амрикоро шадидан маҳкум карданд


SU-35
SU-35

Чин рӯзи 21 сентяр аз Ийолоти Муттаҳидаи Амрико даъват кард, ки таҳримҳоро аз Идораи асосии таслиҳоти Вазорати дифоъ лағв кунад ва дар сурати боқӣ мондани таҳримҳо, Амрикоро аз паёмади он ҳушдор дод.

Қарори таҳримҳоро Департаменти давлатии ИМА рӯзи гузашта дар посух ба "муомилоти бузург"-и Чин бо муассисаи таслиҳотии Русия - "Рособоронэкспорт" қабул кард. Сухан аз боби муомилотест, ки Чин аз Русия соли гузашта 10 ҳавопамои Су-35 ва соли равон сохторҳои мушакии зидди ҳавоӣ -С 400- ро харидорӣ кард. Бори аввал аст, ки ИМА кишвари сеюмро барои ҳамкорӣ бо сохтори дифоии Русия таҳрим мекунад.

Дар изҳороти намояндаи Чин гуфта мешавад, ки қарори Вашингтон "принсипҳои асосии равобити байналмилалиро вайрон мекунад ва ба равобити дуҷониба осеб мерасонад.

Вазорати Умури хорҷии Русия низ рӯзи панҷшанбе қарори ИМА-ро, ки 27 ширкати Русия, бо шумули ширкати хусусии низомии ЧВК "Вагнер, корхонаи авиатсионии Амур, раҳбари Идораи асосии Ситоди кулли Русия ва афсарони истихборотро таҳрим кардааст, шарҳ дод. Муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков амалкарди Вашингтонро "сару садои пуч", талошти ба Русия бор кардани шартҳои худ ва бозӣ бо оташ унвон кард.

XS
SM
MD
LG