“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии даври ҳабдаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Барои медалҳои биринҷӣ се даста – “Кӯктош”, “Регар-ТадАЗ” ва ССКА “Помир” – мубориза мебаранд.
Ин бозии даври ҳабдаҳум 19-уми сентябр дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 1500 тамошогар доир гардид. Голи ягонаро ҳамлагари меҳмонон Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 57-ум ба самар расонд.
Ба ин тартиб, се имтиёзи дар ин бозӣ бадастоварда ба «Хуҷанд» имкон дод, ки бо 42 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа боз ба зинаи аввал барояд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе низ 42 имтиёз дорад ва бо назардошти таносуби тӯбҳо дар зинаи дувум ҷойгир шудааст.
Дар бозии дигари даври ҳабдаҳум «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки барои дар лигаи олӣ мондан талош дорад, дар майдони худ «Хатлон» -и Бохтарро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Мунир Давлатбеков (дақиқаи 22-юм) ва Хайриддин Турахонов (дақиқаи 77-ум) заданд.
Дар бозии охирини даври ҳабдаҳум, ки имрӯз, 20-уми сентябр, барпо мегардад, «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор муқобили ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунад.
Ҳамин тариқ, мубориза барои медалҳои тилло миёни ду дастаи пешсаф – “Хуҷанд” ва “Истиқлол” – дар бозиҳои боқимондаи давраи сеюми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон торафт шиддат мегирад. Дар даври ҳаждаҳум "Истиқлол" 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо «Хуҷанд» рӯбарӯ мешавад.
Барои медалҳои биринҷӣ се даста – “Кӯктош”, “Регар-ТадАЗ” ва ССКА “Помир” – мубориза мебаранд. Дастаи нави лигаи олӣ - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 24 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст, барои дарёфти мақоми сеюм шонси хуб дорад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум
«Панҷшер» – «Хатлон» – 2:0
Голҳо: Мунир Давлатбеков, 22 (1:0). Хайриддин Турахонов, 77 (2:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Мунир Давлатбеков («Панҷшер»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
19 сентябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 0:1
Гол: Фарҳод Тоҳиров, 57.
Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
19 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошобин.
«Кӯктош» – «Истиқлол» – 2:3
Голҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров, 15 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 45 (1:1). Идан Окран, 58 – аз пеналтӣ (2:1). Амирбек Ҷӯрабоев, 60 (2:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 81 – аз пеналтӣ (2:3).
Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Аҳтам Назаров («Истиқлол»), 4 – дарвозабон баргардонд.
Аз майдон хориҷ шуд: Фахриддин Сафарзода («Кӯктош»), 88 – барои таҳқири сардовар.
Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
18 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 5000 тамошобин.
20 сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Барқчӣ» – ССКА «Помир»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
17 |
13 |
3 |
1 |
37-14 |
42 |
2 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
17 |
13 |
3 |
1 |
31-15 |
42 |
3 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
17 |
7 |
3 |
7 |
24-26 |
24 |
4 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
17 |
5 |
4 |
8 |
21-23 |
19 |
5 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
16 |
4 |
7 |
5 |
19-26 |
19 |
6 |
«Хатлон» (Бохтар) |
17 |
5 |
3 |
9 |
17-22 |
18 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
17 |
3 |
6 |
8 |
14-22 |
15 |
8 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
16 |
2 |
1 |
13 |
10-25 |
7 |
Голзанҳои пешқадам: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ.