Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се голи мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи ҷазираҳои Мариани Шимолӣ


Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16) дар бозии дувумаш дар марҳалаи аввали интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола дар гуруҳи «С» бар тими Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ (U-16) бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Ин бозӣ рӯзи душанбеи 17-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Ҳарсе голи мунтахаби Тоҷикистонро Амина Собирова дар дақиқаҳои 18-ум, 56-ум ва 57-ум ба самар расонд.

Дар бозии дигари гуруҳи “С” тими мунтахаби Тайланд (U-16) ба дарвозаи дастаи мунтахаби Сингапур (U-16) шаш голи беҷавоб зад.

Дар гурӯҳи «С» барои дарёфти роҳхат ба даври баъдӣ дастаҳои мунтахаби духтарони зери 16-солаи Тоҷикистон, Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ ва Сингапур рақобат мекунанд. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ то 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор идома меёбад.

Бозиҳои даври дувум рӯзи чоршанбеи 19-уми сентябр баргузор мешаванд. Бозӣ миёни тимҳои мунтахаби Эрон ва Сингапур соати 16:00 оғоз меёбад, баъдан соати 19:00 дастаҳои Тайланд ва Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16) дар аввалин бозиаш дар гуруҳи «С» 15-уми сентябр аз тими Сингапур (U-16) бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буд.

Дар ҳамин ҳол дар мусобиқаи гурӯҳи “С” дастаҳои мунтахаби Эрон, Тайланд, Тоҷикистон ва Сингапур сеимтиёзӣ гирифтаанд. Тимҳои Эрону Тайланд як бозӣ, Тоҷикистону Сингапур ду бозӣ кардаанд. Тими Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Ба марҳалаи дувуми интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 23-юми феврал то 3-юми марти соли оянда баргузор мешавад, ҳашт дастаи марҳалаи аввали интихобӣ – ғолибони шаш гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум – роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии охирини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон – ба мусобиқаи қитъавӣ, ки соли оянда доир мешавад, мустақиман роҳхат гирифтанд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола

Марҳалаи аввал. Гурӯҳи «С»

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ – 3:0

Голҳо: Амина Собирова, 18 (1:0). Амина Собирова, 56 (2:0). Амина Собирова, 57 (3:0).

Тоҷикистон: Луиза Саидамарова, Нисо Абдуллоева, Нилуфар Абдулҳаева, Карина Мирзоева, Сайёҳат Раҷабова (Зиёда Ғафурова, 83), Рухшона Файзуллоева (Дилдора Раҳмонова, 61), Зевар Шамсова, Лайло Кучкинова, Матлуба Сафарова, Мадина Давлатова (Миҷгона Марофиева, 52), Амина Собирова.

Сардовар: Кин Лианг (Чин).

Нозири доварон: Мариа Пиедаде Ребелло (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Мелисса Кинг (Австралия).

17 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 350 тамошобин.

Сингапур – Тайланд – 0:6

Голҳо: Кхванҷира Нгок Вонг, 41 (0:1). Ҷаниста Ҷинанантуя, 44 (0:2). Плуемҷай Сонтисават, 45+1 (0:3). Кҳванҷира Нгок Вонг, 51 (0:4). Арита Матчаванич, 82 (0:5). Ҷаниста Ҷинанантуя, 90 (0:6).

Сардовар: Ребека Дуркау (Австралия).

Нозири доварон: Май Ҳоанг Транг (Ветнам).

Комиссари бозӣ: Труонг Ҳиеу Ҳуонг (Ветнам).

17 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 140 тамошобин.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

15 сентябр (шанбе)

Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ – Эрон – 0:12

Тоҷикистон – Сингапур – 1:4

Даври 2-юм

17 сентябр (душанбе)

Сингапур – Тайланд – 0:6

Тоҷикистон – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ – 3:0

Даври 3-юм

19 сентябр (чоршанбе)

16:00 – Эрон – Сингапур

19:00 – Тайланд – Тоҷикистон

Даври 4-ум

21 сентябр (ҷумъа)

16:00 – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ – Тайланд

19:00 – Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

16:00 – Сингапур – Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ

19:00 – Тайланд – Эрон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG