Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон рӯзноманигори украинӣ Гороховскийро ҷарима кард


Додгоҳи Урали Қазоқистон 17 сентябр баррасии парвандаи рӯзноманигори украинӣ Александр Гороховскийро ба поён расонд, ки ба нақзи қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар айбдор мешуд.

Додситон хост рӯзноманигорро аз Қазоқистон ихроҷ кунанд. Дар натиҷа рӯзноманигор дар нақзи қонунҳои муҳоҷирати Қазоқистон, аз ҷумла машғул шудан ба коре, ки дар раводид қайд нашудааст, айбдор эълом ва 42 ҳазору 87 танга (113 доллар) ҷарима шуд.

Дар мурофиа нахуст Гороховский, рӯзноманигори нашрияи "Ҳафтаи Урал" Лукпан Ахмедяров ва Талгат Катауов суханронӣ карданд. Катауов гӯиё ба пулис хабар додааст, ки дар меҳмонсаройи Урал "ҳамоиш дар бораи Украина" ҷараён дорад.

Гороховский дар додгоҳ гуфт, бо дархости рӯзноманигорони нашрияи "Ҳафтаи Урал" барои табодули таҷриба ба Қазоқистон омадааст ва сафари ӯ хусусияти шахсӣ дошт, на молӣ. Ахмедяров низ тасдиқ кард, ки чорабиниҳои "Мактаби рӯзноманигорӣ" ройгон буданд. Катауов гуфт, дар бораи чизе хабар надодааст ва Гороховскийро ҳам намешиносад.

Дар мурофиа ҳамчунин нозири мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ Кайрат Намозов баромад карда, гуфт, дар корти муҳоҷирати рӯзноманигор ҷониби даъватгар "Ҳафтаномаи Урал" навишта шуда, вале ҳадафи сафарро шахсӣ нишон додаанд.

Ба гуфтаи Ахмедяров, қазияи Гороховский ба "Мактаби рӯзноманигорӣ" рабт дорад, ки мақомоти Қазоқистон онро намехоҳанд. Рӯзноманигори украин гуфт, корти муҳоҷиратии ӯро баргардондаанд ва қарор аст, 18 сентябр ин кишварро тарк кунад.

Зидди рӯзноманигори украин 15 сентябр дар яке аз меҳмонсаройҳои Урал, ки чорабинии "Мактаби рӯзноманигорӣ" идома дошт, санади маъмурӣ тартиб доданд. Рӯзноманигор ба он айбдор шуд, ки ҳадафи сафари худро дар раводид шахсӣ номида, дар Қазоқистон фаъолияти молӣ намудааст.

XS
SM
MD
LG