Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Чин эҳтимол аз гуфтушунид бо Амрико даст мекашад


Парчамҳои Чину Амрико
Парчамҳои Чину Амрико

Бинобар тарофаҳои нави Вашингтон ба маҳсулоти Чин, эҳтимол Пекин аз музокироти нави тиҷоратӣ бо Вашингтон даст мекашад. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 16 сентябр бо такя ба манобеи ҳукумати Чин хабар дод. Ин манбаҳо гуфтаанд, ки музокирот дар шароити фишор аз ҷониби Кохи сафед, наметавонанд муносиб бошанд.

Рӯзи гузашта маълум шуд, ки президенти ИМА Доналд Трамп дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ба маҳсулоти истеҳсоли Чин бо маблағи 200 миллирад доллар тарофаҳои нав ҷорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Wall Street Journal Трамп мехост ин корро қабл аз музокирот, ҳамчун абзори фишори бештар ба Чин, ианҷом диҳад. Пекин аз ҷумла мехоҳад, ширкатҳои амрикоӣ, ки дар қаламрави ин кишвар фаъолият мекунанд, текноложиҳоро ба шарикони чиноӣ тақдим супоранд. Вашингтон мегӯяд, ба ин таҷриба бояд хотима гузошт.

Моҳи июли соли равон ИМА ба маҳсулоти Чин ба маблағи 50 миллиард доллар тарофаи 25 дар садӣ ҷорӣ кард. Чин ба Амрико ҷавоби ҳамвазн дод. Дар феҳрати тасдиқкардаи Вашингтон аз ҷумла маҳсулоти электроникӣ ва таҷҳизоти тиббии сохти Чин шомил шудааст.

XS
SM
MD
LG