Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзад ба мақоми додраси Суди Олии ИМА ба бадрафторӣ муттаҳам шуд


Бретт Кавано - номзад ба мақоми раиси Додгоҳи Олии ИМА
Бретт Кавано - номзад ба мақоми раиси Додгоҳи Олии ИМА

Интихоби Бретт Кавано ба мақоми додраси Додгоҳи Олии Амрико таҳти суол рафт, зеро ӯ ба бадахлоқии ҷигсӣ муттаҳам шуд.

Сентатори демократ Барбара Файнстайн чанде пеш гуфт, номаи зенеро дарёфт кард, ки дар он аз бадахлоқии Бретт Кавано шикоят шудааст. Аммо сентаор аз ин зан ном набурд. Исми ин занро нашрияи The Washington Post рӯзи 16 сентябр ошкор кард ва аз ӯ Кристин Форд, профессори соҳаи равоншиносӣ ном бурд. Ба гуфтаи Форд, Кавано 30 сол пеш дар ҳоле, ки кавано маст буд нисбати ӯ бадахлоқӣ кард. Он замон ҳарду дар синфҳои болоӣ таҳсил мекарданд.

Худи додрас Кавано ин иттиҳомро рад мекунад. Тарафдорони президент Трамп, ки номзадии Каваноро ба мақоми додгустари Додгоҳи Олӣ пешниҳод карданд, аз ӯ пуштибонӣ мекунанд, дар ҳоле, ки демократҳо мехоҳанд баррасии номзадии Кавано то баррасии шикояти Кристин Фортд мутавақиф шавад.

Бретт Кавано бо мавқеи муҳофизакоронааш машҳӯр аст. Доналд Трамп номзадии ӯро баъди истеъфои додрас Энтонни Кеннеди пешниҳод кард. Демократҳо аз ин нигаронанд, ки агар Кавано ба Додгоҳи Олӣ интихоб шавад, ин ниҳодии олии Амрико ба тафсири муҳофизакоронаи Қонуни асосӣ мегузарад ва эҳтимол қонун дар бораи сақти ҷанинро бознигарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG