Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финландия барои ворид шудан ба НАТО ариза намедиҳад


Саули Ниинистё, президенти Финландия
Саули Ниинистё, президенти Финландия

Бинобар мавқеи Маскав, Финландия солҳои наздик барои ворид шудан ба НАТО ариза намедиҳад. Дар ин бора президенти Финландия Саули Ниинистё изҳорот дод. "Русҳо ба таври рушан ба мо гуфтанд, ки ҳоло онҳо моро ҳамчун финн мешиносанд, вале агар мо ба НАТО шомил шавем, онҳо дар симои мо душманро хоҳанд дид",- гуфт президент рӯзи 16 сентябр дар сӯҳбат бо нашрияи "Европейская правда".

Ба гуфтаи Ниинистё, Финландия ва Русия бояд равобити хуби корӣ дошта бошанд, зеро бо ҳам ҳамсоя буда, 1300 километр марзи муштарак доранд.

Президенти Финландия тобистони соли равон ду дафъа бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард - бори аввал дар ҷараёни мулоқоти Путин бо президенти ИМА ва дафъаи дуюм - моҳи август дар Сочӣ.

Президенти Финландия қаблан гуфта буд, ки дар сурати зарурат масъалаи шомил шудани кишварашро ба НАТО ба реферундум мегузорад. Бинобар назарсанҷиҳо, бахши умдаи финнҳо ба узвияти кишварашон дар НАТО мухолифанд. Финландия аввплин шуда ишғоли Қримро маҳкум кард ва таҳримҳои зидди Русияро риоя мекунад.

XS
SM
MD
LG