Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содиқ Хон гуфт, бори дигар аз мардум бипурсед


Содиқ Хон
Содиқ Хон

Содиқ Хон, раиси шаҳри Лондон ва Тонӣ Блейр, нахуствазири собиқи Бритониё хостори раъйпурсии дубора дар бораи узвияти кишварашон дар Иттиҳодияи Аврупо шуданд.

Содиқ Хон дар як мақолае дар рӯзномаи “Обсервер” навиштааст, ки амалкарди ҳукумат дар музокироти хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо сабаби гиҷиву номаълумӣ дар кишвар шудааст. Ба қавли ӯ, бояд мардум дар раъйдиҳӣ назари худро дар бораи созишномаи хуруҷ бигуянд ва ҳам имкон дошта бошанд, ки дар бораи мондани Бритониё дар Иттиҳодияи Аврупо раъй бидиҳанд.

Тонӣ Блейр, нахуствазири собиқ ҳам, ки тарафдори Аврупо аст, хостори раъйпурссии дубора шудааст. Ӯ дар ин бора рӯзи 15-уми сентябр дар як ҷашнворае дар Лондон суҳбат кард.

Бо гузашти дуввуним сол аз раъйпурсӣ дар Бритониё, ин кишвар ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи шартҳои хуруҷ аз иттиҳодия ба мувофиқа нарасидаанд.

XS
SM
MD
LG