Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммади 37-сола раиси порлумони Ироқ шуд


Муҳаммад ал-Ҳалбусӣ ҷавонтарин раиси порлумони Ироқ шуд

Порлумони Ироқ Муҳаммад ал Ҳалбусӣ як вакили суннимазҳабро раиси порлумон баргузид ва ба таъсиси ҳукумати нав наздиктар мешавад. Бо интихоби Ҳалбусӣ дар рӯзи 15-уми сентябр муҳлати 90-рӯзаи таъсиси ҳукумати нав оғоз ёфт.

Номзадии вакили 37-соларо, як ҷиноҳи сиёсии тарафдори Эрон бо раҳбарии Ҳодӣ ал-Амирӣ дастгирӣ кард. Ҳасан Карим, муовини раиси порлумон интихоб шуд ва номзадии ӯро Муқтадо ал-Садр, як рӯҳонии бонуфузи Ироқ пешниҳод кардааст.

Акнун навбати интихоби раиси ҷумҳур ва нахуствазир аст. Дар Ироқ барои ҷилавгирӣ аз танишҳои мазҳабиву қавмӣ, мақоми раиси порлумонро ба сунниҳо, мақоми нахуствазирро ба шиаён ва мақоми раиси ҷумҳурро ба курдҳо медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Нозири БДА бо мошинаш як сокини шаҳри Кӯлобро зер кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG