Қарор аст, имрӯз Эдуард Шапира, сафири Исроил дар Тоҷикистон, ки дар Тошканд қароргоҳ дорад, ба Душанбе биёяд. Дар ин бора рӯзи 16-уми сентябр вазорати умури хориҷӣ хабар дод.
Сафир дар ҷараёни сафараш, ки то 18-уми сентябр идома меёбад, бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи муносибатҳои дуҷониба гуфтугӯ мекунад. Тоҷикистону Исроил аз рӯзи 26-уми марти соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардаанд, вале ҳамкориҳои наздики сиёсӣ ва иқтисодӣ надоранд.
Солҳои ахир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои сайёҳат ва ё муолиҷа ба Исроил мераванд, афзоиш ёфтааст. Боздиди дипломати исроилӣ аз Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки робитаҳои Тоҷикистон бо Эрон бисёр тира шудаанд. Исроил Эронро, ки онро ба расмият намешиносад, яке аз душманони ашаддии худ мешуморад.