Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 доллар ҷаримаи як сокини Файзобод барои “чил”-и падараш


Наврӯзбек Давлатов, як сокини ноҳияи Файзобод, бо ҷурми бодабдаба гузарондани маросими “чил”-и падари марҳумаш 5 ҳазор сомонӣ, муодили панҷсад доллари амрикоӣ, ҷарима шуд. Ин қарорро Додгоҳи ноҳияи Файзобод содир кардааст.

Мақомоти додгоҳ гуфтаанд, ки Наврӯзбек Давлатов бар хилофи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ рафтор кард.

“Бояд маросими “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва додани таом баргузор карда шавад, вале ӯ ин маъракаро бо иштироки васеи ҳамсояҳо ва меҳмонони зиёд ва бо кушодани дастархону додани таом гузарондааст”, - шарҳ додаанд масъулони додгоҳ рӯзи 14-уми сентябр ба хабаргузории расмии “Ховар”.

Мақомот мегӯянд, Наврӯзбек Давлатов соҳиби се фарзанд буда, феълан дар муҳоҷират аст ва сатҳи зиндагии ӯро “паст” тасвир кардаанд.

Навҳакашӣ ҳангоми гусели тобут манъ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон 10 соли қабл таҳия ва мавриди иҷро қарор гирифта буд. Тобистони соли 2017 бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба чанд банди ин қонун, масъулият ва ҷазо барои риоят накардани талаботи ин қонун шадид карда шуд.

Аз ҷумла, иловаҳои нав маъракаи азои мардумро ба танзим дароварда, бар асоси он забҳи чорво манъ аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонуни танзими маросими миллӣ дар даҳ соли гузашта 18 миллиард сомонии мардумро сарфа карда ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳондааст.

XS
SM
MD
LG