Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон бунёди таҳқиқоти рӯзноманигории Улан Эгизбоев таъсис ёфт


Улан Эгизбоев
Улан Эгизбоев

Дар шаҳри Бишкек маросими рӯнамоии бунёди таҳқиқоти рӯзноманигорӣ баргузор шуд, ки ба ёдбуди рӯзноманигори маъруфи ҳалокшудаи қирғиз Улан Эгизбоев таъсис ёфтааст.

Дар ин маросим рӯзноманигорон, сиёсатмадорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиву созмонҳои хориҷӣ иштирок карданд.

Ба гуфтаи раиси бунёд Ойбек Турдалиев, ҳадафи бунёд рушди жанри таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, дастгирии ташаббусҳои кормандони ВАО ва ифшои ҳолатҳои коррупсиониву қонуншиканӣ дар ҷомеаи Қирғизистон аст.

Бунёд барои беҳтарин таҳқиқотҳо дар бахши мушкилиҳои умдаи Қирғизистон озмун эълом ва иҷрои онҳоро сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ба хотири шаффофияти кори бунёд шӯрои нозирон низ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он 11 нафар - ходимони давлатӣ, ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорони машҳур шомиланд.

Рӯзноманигор-таҳқиқотчии Бахши қирғизии Радиои Озодӣ Уланбек Эгизбоеви 28-сола 22 июл ҳангоми шиноварӣ дар кӯли истироҳатгоҳ ба ҳалокат расид. Ӯро дар зодгоҳаш Кочкор ба хок супурданд.

XS
SM
MD
LG