Дар Узбекистон чаҳор донишҷӯи Академияи байналмилалии исломии Тошкандро барои пӯшидани ҳиҷоб ихроҷ карданд.
Ба 60 донишҷӯи дигар, ки намехоҳанд бе ҳиҷоб ба дарсҳо ҳозир шаванд, ихроҷшавӣ таҳдид мекунад.
"60 донишҷӯи дигар ҳиҷобҳои худро намегиранд. Дар ҳоли ҳозир, раҳбарияти Академия бо онҳо "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронад. Ҳоло онҳоро ба дарсҳо роҳ дода истодаанд, то барои ихроҷ карданашон баҳонае пайдо кунанд", - навиштааст бахши узбекии Би-би-сӣ.
Бино ба хабарҳо, Шуҳрат Ёвкочев, ки 28-уми августи имсол раҳбари Академияи байналмилалии исломӣ таъйин шуд, аз мухолифони либосҳои исломии донишомӯзон аст.
Чанде пеш як гуруҳ аз донишҷӯёни Академияи байналмилалии исломии Тошканд бо ирсоли номае ба бахши узбекии Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки раҳбарияти муассисаи таълимӣ ҳуқуқи донишҷӯёни мусулмонро поймол мекунад.
"Донишҷӯёни ҳиҷобпӯшро умуман ба дарсҳо роҳ намедиҳанд. Ҳамаи мо медонем, ки вақте ба дарсҳо роҳ наёфтед, ихроҷ мешавед. Мо аз ниҳодҳои дахлдор дархост мекунем, ки ба ин гуна амалҳо хотима бахшанд", - омадааст дар нома.
Узбекистон баъд аз таркишҳои соли 1999 дар Тошканд пӯшидани ҳиҷобу доштани ришро дар маконҳои ҷамъиятӣ расман манъ кардааст.