Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи RT сӯҳбати "Башоров" ва "Петров"-ро нашр кард


Акси Александр Петров ва Руслан Башоров дар дурбинҳои амниятии Солсбери
Акси Александр Петров ва Руслан Башоров дар дурбинҳои амниятии Солсбери

Шабакаи телевизионии RT сӯҳбати ду нафреро намоиш дод, ки худро "Александр Петров" ва "Руслан Башоров" муаррифӣ карданд. Британия ду нафарро бо ин ном ба истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб - Новичок алайҳи Сергей Скрипал ва духатри ӯ Юлия дар Солсбери, муттаҳам кардааст.

Сардабири шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян, ки барандаи сӯҳбат буд, қаблан гуфт, ки ин ду нафар худашон ба ӯ дар тамос шуданд. Ин тамос дақиқан ҳамон рӯзе сурат гирифт, ки президенти Русия Владимир Путин ин ду нафар - Александр Петров ва Руслан Башоровро шаҳрванди мулкӣ муаррифӣ кард ва гуфт, ки онҳо кормандони истихборот нестанд ва ҳеҷ ҷинояте содир накардаанд.

Ба суоли Симонян "Шумо кӣ ҳастед?" ин ду мард худро "Башоров" ва "Петров" муаррифӣ карданд. Ба суоли дигар, ки онҳо дар Солсберӣ чӣ кор мекарданд, гуфтанд, ки ба ин шаҳр ҳамчун сайёҳ рафта буданд. Дар шари далеле, ки онҳо ду рӯз пайи ҳам -3-4 март ба Солсберӣ рафтанд, "Петров" ва "Башоров" гуфтанд, ки рӯзи 3 март шаҳр "пур аз барф" буд ва онҳо натавонистан сайёҳат кунанд, вале рӯзи дигар ҳаво беҳтар шуд.

Ин ду нафар ҳамчунин гуфтанд, ки Сергей Скрипалро намешиносанд ва ёд надорад, ки оё ба хонаи ӯ наздик шуда буданд ё не. Онҳо ҳамчунин рад карданд, ки бо худ гази "Новичок" доштанд. Ҳамсӯҳбатҳои RT ҳамчунин робитаи худро бо хадамоти махсус такзиб карданд ва гуфтанд, ки дар бахши варзиши бадан ва ғизои варзишгарон соҳибкорӣ мекунанд.

Ба суоле, ки чаро ҳамеша ҳамроҳ мегаштанд, "Петров" ва "Башоров" гуфтанд, ки дахолат ба зиндагии хусусии онҳо кори дуруст нест.

Ин ду нафар иддао карданд, ки баъди иттиҳоми ҳамла ба Скрипал дар Солсберӣ, зиндагии онҳо ба кобус табдил шуд ва аз Симонян хостанд,ки аз онҳо "ҳимоят" кунад.

Ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ин ду нафор ҳамон одамонеанд, ки Британия муттаҳам мекунад, ба ғайр аз калимаҳои "Петров" ва "Башоров".

Мақомоти Британия қаблан навор ва акси одамонеро нашр карданд, ки дар ҳамла ба корманди пешини Истихбороти Русия Сергей Скрипал бо гази "Новичок" муттаҳам мешаванд. Британия онҳоро "Александр Петров" ва "Руслан Башоров" номбар кард, Ҳамзамон тафтишот мегӯяд, ки мумкин инҳо номҳои сохта бошанд. Нахуствазири Британия Тереза Мэй гуфт, ки гап сари кормандони истихбороти низомии Русия аст ва худи амалиёт бо мақомоти олии Русия ҳамоҳанг шудааст.

Корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва Духтари ӯ Юлияро рӯзи 4 март дар Солсберии Британия заҳролӯд карданд. Онҳо ҷон ба саломат бурданд ва баъди табобати тӯлонӣ аз бемористон мураххас шуданд. Макони буду боши феълии падару духтар маълум нест.

XS
SM
MD
LG