Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Apple iPhone ва Apple Watch-и навро муаррифӣ кард


 Apple iPhone XR
Apple iPhone XR

Ширкати Apple бо ҳадафи густариши ҷойгоҳаш дар бозори телефонҳои ҳушманд калонтарин iPhone ва Apple Watch-ро муаррифӣ кард, ки нуқси дилро мушаххас мекунад.

Ислоҳи хурд дар телефонҳои ширкати Apple, мақараш дар Калифорния, баъди таъғироти густардаи iPhoneХ дар соли 2017 интизор мерафт.

Ҳаҷми экрани телефони нави iPhone XS 14,7 санитиметр буда, нархаш $999 аст.

Экрани XS Max, калонтарин iPhone дар таьрихи ширкат ва бузургтарин дар бозори телефон, 16,5 сантиметр аст ва нархаш $1,099 аст.

Насли чаҳоруми Apple Watch тарроҳии муҷаддади қобили мулоҳизаро пушти сар карда, бознигарии ҷиддиро аз сар гузаронд ва бо як идда дигаргуниҳои муҳим барои фаъолияти он ҳамчун як дастгоҳи тиббӣ ва тандурустӣ комил шуд. Ин соат нуқси ногаҳоии қалбро ошкор мекунад ва дастгоҳи электронии санҷиши заррабони қалб нусхаи эелектронии кори дилро мебардорад

Apple Watch сар аз 21 сентябр дар Амрико ба фурӯш мебарояд ва қимматаш аз $399 сар мешавад.

XS
SM
MD
LG