Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби президенти Эрон дар аҳди Маҳмуд Аҳмадинажод зиндонӣ шуд


Исфандиёр Раҳим Машоӣ -
Исфандиёр Раҳим Машоӣ -

Исфандиёр Раҳим Машоӣ, ноиби раиси ҷумҳур, раиси маъмурият ва мушовири аршади президенти пешин Маҳмуд Аҳмадинажод бо ҷурми таҳдид ба амнияти миллӣ ба муддати шашуним сол зиндонӣ шуд. Дар ин бора матбуоти Эрон рӯзи 12 сентябр хабар дод.

Ба гуфтаи хабаргузории расмии Эрон - ИРНА, додгоҳ раиси дафтари матбуоти Аҳмадинажод Алӣ Акбар Ҷавонфикрро дар доираи ҳамин парванда ба муҳлати чаҳор сол зиндонӣ кард. Хабаргузорӣ аз қавли додраси калони Теҳрон гуфт, ки қарори додгоҳ то 20 рӯзи дигар амалӣ мешавад.

Сиёсатмадори муҳофизакор Аҳмадинажод, ки аз соли 2005 то 2013 раиси ҷумҳури Эрон буд, дар робита ба боздошти ёваронаш, бо шумули Машоӣ, ки моҳи март боздошт шуд, аз қувваи қазоӣ шадидан интиқод карда буд.

Ҳамид Бақоӣ, ноиби пешини раиси ҷумҳур ва ёвари наздики Аҳмадинажод моҳи декабр бо ҷурми фасодкорӣ барои 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Шӯрои Нигаҳбони Эрон, ки номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро тасдиқ мекунад, аз иштироки Маҳмуд Аҳмадинажод ва Бақоӣ дар интихоботи соли 2017 ҷигравгирӣ кард ва роҳро барои даври дуюми раёсати Рӯҳонӣ боз намуд.

XS
SM
MD
LG