Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руҳонии узбек хост, корбарони "бекори"-и шабакаҳоро ба пахтачинӣ баранд


Имоми масҷиди ҷомеи Узбекистон Раҳматулло Сайфиддинов
Имоми масҷиди ҷомеи Узбекистон Раҳматулло Сайфиддинов

Имом-хатиби масҷиди "Бодомзор"-и шаҳри Тошканд Раҳматулло Сайфиддинов ҳафтаи гузашта дар намози ҷумъа гуфт, шарҳнависонеро, ки зидди назари ӯ дар бораи русарӣ дар муассисаҳои таълимиянд, ба пахтачинӣ хоҳад фиристод.

Таҳдиди имом-хатиб дар посух ба танқиди корбароне садо дод, ки ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук сахт ба чолиш кагғшиданд ва ба саркашӣ аз қонунҳи Ислом айбдор карданд.

"Агар ихтиёр дар дасти ман мебуд, ҳамаи ин шарҳнависонро ба пахтачинӣ мефиристодам. Ҳоло мавсими пахтачинӣ оғоз шудааст. Бигзор рафта, пахта чинанд ва ҳадди ақал кумаке ба давлат хоҳад шуд. Баъди баргашт аз пахтачинӣ дигар тавони телефон ба даст гирифтану навиштанро нахоҳанд дошт", - изҳор дошт ӯ.

Сайфиддинов 2 сентябр дар як барномаи телевизиони "Ӯзбекистон-24"аз қарори девони вазирони кишвараш барои роҳандозии либоси ягонаи мактабӣ ҷонибдорӣ кард. Ӯ ҳамчунин русарӣ барои хонандагон дар муассисаҳои таълимиро зери суол буд.

"Бояд кӯдакони мо либоси ягона пӯшанд. Зеро ин яке аз талаботи тарбия аст. Либос ба раванди таълими кӯдакон ҳатман таъсир мерасонад. Он дар зеҳнашон фарҳанги ягонаро эҷод мекунад. Танҳо дар ин сурат, дар миёни онҳо баробарӣ хоҳад буд. Як низом хоҳад буд ва ин қарори хеле хуб аст", - афзуд ӯ.

Суханҳои Сайфиддинов баҳсҳои тундеро дар миёни корбарони Фейсбук ба бор овард. Бархе корбарон ҳато ӯро ба саркашӣ аз қонунҳои Ислом айбдор карданд. Вале имом-хатиб онҳоро "ҷоҳил" ва "туҳматчӣ" номид.

Бар пояи қарори ҳукумати Узбекистон, хонандагони ин кишвар имсол ихтиёрӣ ва аз соли оянда ба таври ҳатмӣ либоси ягона хоҳанд пӯшид.

XS
SM
MD
LG