Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: Туркия ҳеҷ гуна рӯйхати "гюлениҳо"-ро пешниҳод накардааст


Парчамҳои Туркия ва Қирғизистон
Парчамҳои Туркия ва Қирғизистон

Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев хабари расонаҳои туркиро, ки мегӯянд, Анқара бо ироаи як рӯйхат аз Бишкек боздошт ва истирдоди 130 узви созмони "ФЕТО"-ро дархост кардааст, шарҳ дод.

Сагинбоев гуфт, "рӯйхати 130-нафарӣ" хабари бофтаи баъзе аз доираҳои манфиатхоҳ аст. "Бори дигар мегӯям, ки ҷониби Туркия ба Қирғизистон ягон хел рӯйхат пешниҳод накардааст", - афзуд ӯ.

Ӯ ҳамчунин дар робита ба сарнавишти муассисаи таълимии "Сапат" дар Қирғизистон гуфт, ин муассисае аст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи кишвар фаъолият дорад. "Масъалаи басташавии "Сапат" ва ё додани биноҳои он ба бунёди туркии "Маориф" баррасӣ нахоҳад шуд. "Сапат" фаъолияти худро дар шакле, ки ҳаст, идома медиҳад ва фарзандони моро бо таълим фаро мегирад", - изҳор дошт котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон.

Нашрияи "Ҳуррият"-и Туркия аввали моҳи сентябр, баъд аз сафари президент Раҷаб Эрдуғон ба Қирғизистон хабар дод, ки мақомоти Анқара ба ҳамтоёни қирғизи худ рӯйхати 130 пайрави эҳтимолии руҳонии мухолифи ҳукумати Туркия Фатҳулло Гюленро пешниҳод карданд. Анқара Гюленро, ки дар Амрико басар мебарад, ба тарҳрезии табаддулот дар Туркия муттаҳам мекунад.

Сафири Туркия дар Қирғизистон Комил Фурот рӯзи 10 сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки биноҳои "Сапат" ба бунёди туркии "Маориф" дода мешаванд. Вале Вазорати маорифи Қирғизистон зуд гуфтаҳои ӯро рад кард ва сафирро барои суҳбат ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар даъватнамуд.

XS
SM
MD
LG