Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон шаҳрвандонашро дар Ироқу Сурия меҷӯяд


Муовини вазири хориҷии Қазоқистон Мухтор Тилеубердӣ
Муовини вазири хориҷии Қазоқистон Мухтор Тилеубердӣ

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дар бораи шаҳрвандони худ дар Ироқу Сурия маълумот доранд ва масъалаи баргардонидани онҳо ба ватанро баррасӣ мекунанд, - гуфт муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тилеубердӣ.

Ба гуфтаи ӯ, бо корҳои ҷустуҷӯӣ сафири Қазоқистон дар Урдун ва консули генералии ин кишвар дар Лубнон машғуланд. Вале Тилеубердӣ дақиқ нагуфт, ки то ҳол маҳалли будубоши чанд қазоқистониро муайян карданд. Ӯ гуфт, ҳоло мақомоти Ироқ ва Сурия зидди бахши умдаи шаҳрвандони Қазоқистон тафтишоти махсусро оғоз карда, мехоҳанд муайян кунанд, ки онҳо то кадом андоза бо гуруҳҳои тундрав робита доштанд.

"Агар маълум шавад, ки онҳо бо гуруҳҳои тундрав робита надоштанд, ба ҷониби Қазоқистон супурда мешаванд", - изҳор дошт мақомдори қазоқ.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, тайи чанд соли ахир садҳо шаҳрванди ин кишвар ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафтаанд. Бино ба иттилои расмӣ, қазоқистониҳое, ки ба ин кишварҳо рафтаанд, ҳудуди 800 нафар буда, бештари онҳо кӯдаконанд.

XS
SM
MD
LG