Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13.09 – шурӯи додгоҳи гумонбар дар қатли Моҳира Ятимова


Моҳира Ятимова
Моҳира Ятимова

Додгоҳи шаҳри Душанбе эълон кард, ки нахустин рӯзи мурофиаи Бобоҷон Ширинзода 13-уми сентябр баргузор хоҳад шуд. Ширинзода дар қатли ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимоваи 33-сола муттаҳам аст.

Як манбаъ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа ба таври боз ҷараён хоҳад гирифт, вале маълум нест, хабарнигоронро барои сабти садову видео дар толор иҷоза медиҳанд ё на.

“Ба мурофиа волидони Бобоҷон Ширинзода ва наздикони Моҳира Ятимова даъват шудаанд”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Таҳқиқи парвандаи Бобоҷон Ширинзодаро бо иттиҳоми куштори ҳамсари собиқаш Додситонии шаҳри Душанбе дар охирҳои моҳи август ба поён расонд ва ба Додгоҳи пойтахт фиристод. Парванда аз рӯи моддаи 104, қисми 2 – "куштори бераҳмона" – таҳқиқ шуд. Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷиноят аз 15 то 25 соли зиндон ва мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.

Куштори Моҳира Ятимова рӯзи 6-уми июни имсол иттифоқ афтодааст. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки дар ин ҳодиса Бобоҷон Ширинзода ҳамсари пешинашро бо 13 зарби корд ба ҳалокат расондааст.

XS
SM
MD
LG