Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Гумонбарони ҳамла ба Скрипал одамони мулкӣ ҳастанд


Александр Петров ва Руслан Боширов
Александр Петров ва Руслан Боширов

"Гумонбарони қазияи ҳамла ба корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия одамони мулкӣ ҳастанд", - гуфт Владимир Путин дар Анҷумани иқтисоди шарқӣ дар Владивосток.

"Мо, албатта, ҳуввияти онҳоро санҷидем ва ҳоло медонем, кӣ ҳастанд. Мо онҳоро ёфтем. Бовар кунед чизи хосе ё ҷинояте нест", - гуфтанд хабаргузориҳо аз қавли Путин.

Раҳбари Русия пешбинӣ кард, ки гумонбарҳо метавонанд худашон фарзияи худро ба матбуот нақл кунанд.

Моҳи марти соли равон ҷосуси пешини дугона Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия Скрипал дар шаҳри Солсберии Британия заҳролуд шуданд. Ба падару духтар бо гази фалаҷкунандаи асаб - "Новичок" ҳамла карданд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсол мешуд. Лондон бовар дорад, ки ҳамларо Кремл ташкил кардааст ва масъулияти онро шахсан бар дӯши Путин гузошт. Маскав иттиҳомро рад мекунад.

Нашрияи Daily Express рӯзи 11-уми сентябр навишт, ки истихбороти Британия ҳамлагарони Сергей Скрипалро ба воситаи ҷосуси дигари Русия ошкор кард.

Daily Express исми рамзии ҷосуси зархариди Русияро "Аполон" гуфтааст. Ин нафар гӯё дар сафорати Русия дар Рум кор мекард ва дар бораи НАТО маводи маҳрамона ҷамъ меовард.

Вақте ҷосусҳои MI-6 бо "Аполон" дар тамос шуданд, ӯ гуфтааст, аз сиёсати президент Путин норозӣ аст ва мехоҳад ба хориҷ муҳоҷират кунад.

"Аполон"-ро аввали моҳи апрел ба Британия оварданд. Ӯ дар бораи "Шабакаи байналмилаии ҷосусии Маскав" маълумот дод ва номи аслии ҳамлагарони эҳтимолии Солсбери - Александр Петров ва Руслан Бошировро ошкор кард. Ба гуфти Daily Express, "Аполон" тасдиқ кард, ки ду иштирокчии заҳролудкунии Скрипал ва духтари ӯ кормандони истихбороти низомӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG