Пайвандҳои дастрасӣ

Аз дуздии калӯш то дуздии “протсессор” дар масҷидҳои Тоҷикистон


Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон афродеро ҷустуҷӯ доранд, ки “протсессор”-и компютерҳои ду масҷидро дар ин минтақа дуздидаанд. Дар ин “протсессор”-ҳо навори равуои сокинон ва ибодати онҳо дар масҷид нигоҳдорӣ мешуд.

  • Масҷид, ки аз он гоҳе ба унвони Хонаи Худо ҳам ном мебаранд, барои сокинони мусалмони Тоҷикистон ҷои ибодату насиҳат ва таблиғи корҳои накӯст. Аммо солҳои охир аз чанд мавриди дуздӣ дар ин макон шикоят шудааст. Бархе аз дуздида шудани калӯш ё пойафзол дар масҷид шикоят кардаанд, бархеи дигар аз гум шудани ҷузвдон ва пул.

"Байни намози пешин ва аср дуздидаанд"

Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Қубодиён рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба онҳо дар бораи гум шудани “хотираи дурбинҳои видеоии ду масҷиди ҷамоати Носири Хусрави ноҳия” шикояти расмӣ шудааст ва ҷустуҷӯи дуздҳо идома дорад.

Мирзосаид Сабуров, масъули идораи дин дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён, гуфт, ин “протсессор”-ҳо рӯзи 7-уми сентябри имсол аз масҷиди деҳаи Хиштариқ ва Гузаргоҳ рабуда шудааст. “Маълум нест, ки онҳоро кӣ гирифтааст. Ин корро рӯзона, миёни намози пешин ва аср, кардаанд. Супориш додем, ки феълан “базаи камера”-ҳоро дар сандуқҳои оҳанин нигоҳ доранд. Агар касе сандуқи оҳанӣ надорад, бояд хуб назорат кунад.”

Манзури Сабуров ин аст, ки компютерҳои масҷидҳо дар ҷойи намоён ё мазҳари ом нигаҳдорӣ нашаванд, то мавриди таваҷҷӯҳи афроди, ба қавли ӯ, ҷиноятпеша қарор нагиранд.

Ҳадаф - фурӯхтан ё ҳазфи наворҳо?

Мақомот дар Қубодиён мегӯянд, дурбинҳои назоратӣ бо ҳадафи сабти ҳаракати намозгузорон ва равуои сокинон насб шуда буд ва “протсессор”-и пайваста ба компютери ин дурбинҳо метавонист бо ҳадафи “фурӯхтан” ё “ҳазфи наворҳо” дуздида шавад.

Дилмурод Алимардонов, раиси деҳаи Гузаргоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дурбинҳоро аз пули ҷаъмовардаи намозгузорон дар чанд соли пеш харида буданд. Рустам, як сокини деҳаи Хиштариқ мегӯяд, аз дуздӣ дар масҷид сахт нигарон шудаанд ва мунтазир ҳастанд, ки мақомоти интизомӣ муттаҳамонро боздошт ва онҳоро муҷозот кунад.

Ҳодисаи дуздӣ дар дохили масҷид – макони ибодату ниёиши мардум – ҳарчанд камназир аст, вале дар гузашта ҳам рух додааст. Маъмултарини ин ҳодисаҳо гум шудани пойафзол, телефон ва дигар ашёи намозгузорон мебошад. Дар як ҳодиса солҳои гузашта аз масҷиди марказии Душанбе як ҷузвдони марди намозгузоре гум шуда буд. Соли 2013 дар масҷиди Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ) аз ҷайби як намозгузор 6 ҳазор доллар маблағро дуздида буданд.

"Гурусна ба шер мезанад"

Шариат дуздиро гуноҳ медонад ва даст задан ба моли мардум дар масҷидро рӯҳониён гуноҳи боз ҳам азимтар мегӯянд. Вале бархе мегӯянд, эҳтимол дар баробари бекориву ниёзмандӣ даст ба меъёрҳои ахлоқиву маънавӣ нигоҳ намекунад.

Гулгуна Ҳақҷӯӣ, як сокини ноҳияи Қубодиён, гуфт, "ҳамааш аз бекорӣ аст. Дар деҳа мардум ҷойи кор надоранд. Дар урфият мегӯянд, ки “гурусна ба шер задааст”. Онҳое, ки муҳоҷират карда наметавонанд, рафта, дуздӣ мекунанд”.

Гузоштани дурбинҳои назоратӣ ҳудуди 10 соли пеш бо дастури мақомот дар корхонаю идораҳои давлатӣ ва масҷидҳо ҳатмӣ шуд.

Ноҳияи Қубодиён дар 220-километрии ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст. Беш аз 60 сокини ин ноҳия бо шумули кӯдакону наврасон дар се соли пеш ба саффи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG