Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Навоз Шариф аз бемории саратон даргузашт


Гулсум Навоз - ҳамсари Навоз Шариф
Гулсум Навоз - ҳамсари Навоз Шариф

Ҳамсари Навоз Шариф - нахуствазири пешини Покистон дар яке аз бемористонҳои Лондон аз маризии саратон даргузашт. Дар ин бора хонаводаи Гулсум Навоз рӯзи сешанбе хабар дод. Худи Навоз Шариф бо ҷурми фасодкорӣ дар зиндон аст.

Гулсум Навоз 68 сол дошт ва як сол боз бо саратон даст ба гиребон буд. Як рӯз пеш ҳолаш бад шуд ва ӯро ба дастгоҳи нафаси сунъи пайваст карданд.

Навоз Шариф, ки се давра нахуствазири Покистон буд, авоили моҳи июл бо ҷурми фасодкорӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.

Нахуствазири пешин ва хонаводаи ӯ ҳукми додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гулсум Навоз дар тамоми давраҳои фаъолияти сиёсии ҳамсараш ҳамеша дар паҳлӯи ӯ буд.

Нахуствазири феълии Покистон, ситораи пешини крикет Имрон Хон, ки маъракаи зидди Навоз Шарифро ороста буд, ба хонаводаи ӯ изҳори тасаллият кард.

XS
SM
MD
LG