Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Тоҷикистон ҳаракати автобусҳоро дар се масири дигар ба роҳ монданд


Узбекистону Тоҷикистон дар се масири нав - "Тирмиз - Душанбе", "Деҳнав - Душанбе" ва "Самарқанд - Панҷакент" ҳаракати автобусҳоро ба роҳ монданд.

Дарозии масири "Тирмиз - Душанбе" 251 километр буда, нархи роҳкиро аз Тирмиз то Душанбе 70 ҳазор сӯм (ҳудуди 9 доллар) муайян шудааст.

Масири Деҳнав - Душанбе каме кӯтоҳтар - 107 километр аст. Нархи роҳкиро 40 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Дарозии умумии масири "Самарқанд - Панҷакент" 64 километр ва роҳкиро аз самти Узбекистон 20 ҳазор сӯм аст.

Узбекистону Тоҷикистон бори нахуст 15-уми майи имсол ҳаракати автобусҳоро дар масири "Тошканд - Хуҷанд" ба роҳ монда буданд. Автобусҳо ба воситаи гузаргоҳҳои марзии "Ойбек"-и Узбекистон ва "Фотеҳобод"-и Тоҷикистон мегузаранд.

XS
SM
MD
LG