Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар посух ба таҳдидҳои Русия дар Сурия размоиш баргузор мекунад


Зиреҳпӯши нерӯҳои ИМА дар роҳ ба Манбиҷи Сурия. 4 апрели соли 2018.
Зиреҳпӯши нерӯҳои ИМА дар роҳ ба Манбиҷи Сурия. 4 апрели соли 2018.

ИМА дар посух ба таҳдидҳои Русия дар ҷануби Сурия размоиши ногаҳониро шуруъ кард. Дар ин бора 9 сентябр CNN бо такя ба манобеи худ хабар дод.

Ба иттилои ин расона, размоишҳо посухи мустақим ба изҳороти Вазорати мудофиаи Русия аст, ки дар як ҳафтаи охир ду мартаба ИМА-ро аз омодагияш ба ҳамла дар минтақаҳои Сурия огоҳ сохт. Русия гуфт, ҳамлаҳо мумкин аст, ба минтақаҳои ҷойгиршавии нерӯҳои амрикоӣ ҷараён бигирад.

Ҳадафаи размоишҳо - намоиши имкониятҳои ИМА дар Сурия ба Москва аст, -- гуфт Уилям Урбан, намояндаи Эътилофи фармондеҳии марказӣ.

Размоишҳо дар вилояти Ҳомс - наздикии Эт-Танф, ки пойгоҳи ҳарбии амрикоӣ онҷо ҷойгир аст, баргузор мешаванд.

Шон Робертсон, фармондеҳи амрикоӣ гуфт, ки ИМА намехоҳад бо Москва вориди даргирӣ шавад, аммо аз нерӯҳо ва муттаҳидонаш ҳимоят мекунад.

Пентагон мегӯяд, изҳороти дирӯзии Москва ба вижа боиси нигаронӣ буд, ки гуфт, мушакҳои болдор ба макони ҷойгиршавии амрикоиҳо партоб хоҳанд шуд. Москва мегӯяд, дар ин маконҳо тундгароҳои мусаллаҳ паноҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG