Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Фаронса як марди афғонро бо гумони ҳамла ба раҳгузарҳо боздошт кард


Пулиси Фаронса мардеро, ки гуфта мешавад афғон аст, бо гумони ҳамла ба раҳгузорон боздошт кард. Манобеи ниҳодҳои додгоҳӣ ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки ин мард дар Порис ба 7 нафар осеб расонд.

Пулис ҳамларо тасдиқ кард, аммо ҷузъиёти бештар надод ва гуфт, ки гумони терроризм дар миён нест.

Манбаҳои наздик ба тафтишот субҳи 10 сентябр ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки ҳодиса нимашаби гузашта дар назди кинотеатр рух дод. Ба гуфтаи ин манбаҳо дастикам чаҳор нафар захмҳои шадид бардоштааст.

Ду нафари онҳо сайёҳони британиягӣ мебошанд. Аммо то кадом андоза ҷиддӣ будани ҷароҳати онҳо маълум нест. Пулис ва шоҳидон мегӯянд, ки ин мард бо корд ва оҳан мусаллаҳ буд.

Корманди амниятии кинотеатр мегӯяд, ки нахуст ин мард оҳанро ба тарфи нафаронее партофт, ки ӯро думболагир мекарданд ва сипас кордро баровард.

Пулис парвандаро аз рӯи банди қасди куштор боз кард,- гуфтаанд манбаҳои додгоҳии Фаронса.

XS
SM
MD
LG