Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Профессор Шодихон Юсуфбеков даргузашт


Шодихон Юсуфбеков
Шодихон Юсуфбеков

Профессор Шодихон Юсуфбеков, раиси Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарии Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи 9-уми сентябр дар 56-солагӣ даргузашт. Юсуфбеков аз соли 2000-ум раёсати Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарӣ ё башариро бар уҳда дошт. Ӯ яке аз муҳаққиқони забонҳои помирӣ буд.

Шодихон Юсуфбеков муаллифи "Грамматикаи забонҳои помирӣ" буда, дар чандин нишастҳои дохилу хориҷи кишвар дар бораи "помиршиносӣ" суханронӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин муаллифи китоби сеҷилдаи "Забони санглечӣ" аст. Ҷилди аввали ин китоб ба забони русӣ чоп шудааст.

Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарӣ, ки раёсаташро Шодихон Юсуфбеков бар уҳда дошт, соли 1991 дар заминаи Шӯъбаи помиршиносӣ ва бо ҳадафи тавсеаи таҳқиқоти бунёдии забонҳо, фарҳанги хоси маънавӣ, таърих ва иқтисоди вилояти Бадахшон таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG