Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаршшуӣ, рӯбучин ва рангмолӣ – Ҷазои ҷавонҳое, ки духтаронро таҳқир кардаанд


Аниса Иброҳимова, сокини 17-солаи шаҳри Душанбе, баъди озори лафзии як тоҷири бозор, қарор кард, ки чунин рафтори, ба гуфтаи ӯ, ношоистаро ором "ҳазм" накунад. Бар асоси шикояти Аниса ба пулис, як ҷавони тарбузфурӯш ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуд.

Дар вокуниш шаҳрдорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод ва гуфт, рафтори мардонро дар кӯчаҳо 2700 дастгоҳи сабт назорат мекунад.

Иброҳимова мегӯяд, ҳодиса рӯзи 5-уми сентябр рух дод. Вақте барои харид ба бозор рафт, як ҷавони тарбузфурӯш ӯро бо ибораи "духтари 100-долларӣ" садо ва таҳқир кардааст. "Ҳангоме аз тоҷир пурсидам, ки чаро ба худ ҳақ медиҳад, ки чунин бигӯяд, даст афшонд ва бо садои баланд "дур шав!" гуфту тела дод", - нақл кард Аниса Иброҳимова рӯзи 9-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Майдаавбошӣ"

Аниса мегӯяд, бо телефони мобилаш ҳамон лаҳза акси ҷавонро бардошт ва бо кумаки модараш ба Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе шикоят кард. Рӯзи 6-уми сентябр Муҳаммадҷон Қурбонови 25-соларо дар додгоҳ ҳозир карданд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ин ҷавонро бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, яъне "майдаавбошӣ" ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум намуд.

Аниса Иброҳимова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар ин ҷавон ба гуноҳи кардааш эътироф мекард, шояд ҳабс намешуд: "Дар вақти мурофиа, додрас аз ҷавон дархост кард, ки "ҳоло фурсат ҳаст, дар назди ин духтар бахшиш пурс", вале рад кард."

"Дар ду ҳафтаи охир 10 нафар шикоят карданд"

Давоми панҷ рӯз ҷавони тарбузфурӯш бояд ба корҳои поккориву рангмолӣ машғул шавад. Аниса Иброҳимова яке аз 10 зану духтарест, ки дар давоми ду ҳафтаи охир аз озори лафзии мардон дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар расман ба пулис шикоят кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳафтаҳои охир муроҷиати занону духтарон аз бархӯрди ғайриахлоқӣ ва ҳамлаҳои лафзии мардон дар кӯча бештар шудааст ва ин, пеш аз ҳама, баёнгари боҷуръаттар шудани онҳо мебошад. Нусратулло Саидзода, як корманди Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, аксари шикоятҳо аз озори лафзии бонувон дар кӯчаву хиёбонҳо ва бозорҳо сабт шудааст.

Бонувоне, ки шикоят кардаанд, дар аксар ҳолат сабти аъмоли ношоистаи ҷавононро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ваё телефонҳои мобилии худ дар ихтиёри пулис гузоштаанд. Пулис дар навбати худ акси маҳкумшудаҳоро барои озори лафзии занон дар вебсайти Вазорати умури дохилӣ нашр кардааст. Мақомот мегӯянд, аз ин роҳ хонандаву тамошобини ин хабарҳоро тарбия мекунанд.

"Аксҳоро нашр мекунем, то дарси ибрат шавад"

Нусратулло Саидзода гуфт, "сокинон, хусусан ҷавонон, аз тариқи сомонаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе лаҳзаҳои фаршшуӣ, ҷорӯбзанӣ ва рангмолии онҳоро мебинанд. Ин аксҳо махсус нашр карда шудааст. Дигарҳоро ба андеша водор мекунад."

Афсонаи Акобиршо
Афсонаи Акобиршо

Рафтори ноҷои баъзе мардон дар маконҳои ҷамъиятӣ ва озори лафзии духтарҳо баъди он доғ шуд, ки моҳи июли имсол гурӯҳе аз бонувони фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвонии шаҳрдори Душанбе нома навишта, дархости кумак карданд. Дар вокуниш шаҳрдорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод ва гуфт, рафтори мардонро дар кӯчаҳо 2700 дастгоҳи сабт назорат мекунад. Илова ба ин, дар назди пулиси пойтахт назорати вижа аз шикояти бонувон дар ин замина роҳандозӣ шуд.

Яке аз духтароне, ки барои озори лафзӣ дар хиёбонҳои пойтахт шикоят кард, хабарнигори Радиои Озодӣ Афсонаи Акобиршо аст. Ӯ моҳи август аз луқмапартоиву ҳаракатҳои таҳқиромези сохтмончиён дар як кӯчаи марказии пойтахт ба полис шикоят кард. Ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд барангехт.

"Ин ҳол то кай идома мекунад?"

Зоир Самиев барои дашноми модараш ҳабс шуд
Зоир Самиев барои дашноми модараш ҳабс шуд

Аниса Иброҳимова ҳам мегӯяд, бисёре аз занону духтарон одат кардаанд, ки луқмаҳои таҳқиромез ва шаҳвонии мардони бегонаро таҳаммул кунанд, ҳарчанд ин кор хеле дарднок аст. Ӯ гуфт, наздикони ҷавони тарбузфурӯш хостаанд, ки аз гуноҳаш бигзарад, вале гапи онҳоро гӯш накардааст.

"Ман донишҷӯи риштаи дӯзандагии як коллеҷ ҳастам. Дар кӯчаҳо мебинам, ки ҷавонон беҳад қабеҳ гап мезананд. Намедонем ин аҳвол то кай идома мекунад", - афзуд ӯ.

Ба назари ҷомеашиносон, ҷуръати занон метавонад вазъро ислоҳ кунад ва барои дигарон дарси адаб шавад, ки рафтори худро тағйир диҳанд. Ҳилола Назарова, як ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, "вақте нафаре муомилаи бад карда, зуд ҷазояшро мебинад ва ҷомеа онро аз тариқи интернет мебинад, таъсири мусбат дорад."

Охири ҳафтаи гузашта Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе акси як ҷавонеро бо номи Зоир Самиев нашр кард, ки модарашро дар назди ҳамсоягон дашномҳои қабеҳ додааст. Ин ҷавон баъди муроҷиати модараш ба 11 шабонарӯз ҳабс ва корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG