Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" бо "Динамо"-и Самарқанд мусовӣ кард


Дастаи «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, бозии байналмилалии дӯстонаро бо тими Про-лигаи Узбекистон - «Динамо»-и Самарқанд – бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии тими “Хуҷанд”, рӯзи 8-уми сентябр хабар дод.

Бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Динамо» рӯзи ҷумъа, 7-уми сентябр, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 23 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Пеш аз ин бозӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайра мақддам гуфт ва дар бораи моҳияти муносибатҳои дӯстонаи мардумони тоҷику узбек суханронӣ кард.

Дар ин бозии байналмилалии дӯстона, ки хеле шавқовару пуршиддат сурат гирифт, Дилмурод Каримов, бозигари меҳмонон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 30-юм, ҳисобро боз намуд. Голи ҷавобиро Ҷаҳонгир Эргашев дар нимаи дувуми бзӣ, дар дақиқаи 53-юм, ба ҳадаф расонд.

Бозии дӯстона

«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон) - «Динамо» (Самарқанд, Узбекистон) - 1:1

Голҳо: Дилмурод Каримов, 30 (0:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 53′ (1:1)

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров, Вусал Магеррамов, Дмитро Бондар, Бахтиёр Чориев, Обидҷон Ҳакимов, Меҳроҷ Шарифзода, Ҳасан Рустамов, Фарҳод Тоҳиров, Ҷаҳонгир Эргашев.

«Динамо» (Самарқанд): Шоҳрухҷон Раҳимов, Миркомил Локаев, Комил Шарафуддинов, Илҳом Юнусов, Шерзод Ҷалилов, Фирдавс Абдусаломов, Дилмурод Каримов, Дамир Темуров, Ҷасур Азимов, Санҷар Баротов, Отабек Нарзуллоев.

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

7 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 23000 тамошогар.

Ёдвар мешавем, бозии аввали дӯстона миёни ин дастаҳо, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Узбекистон 20-уми апрели имсол дар варзишгоҳи “Динамо”-и шаҳри Самарқанд баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфта буд. Голҳои "Хуҷанд"-ро Бахтиёр Чориев ва Фарҳод Тоҳиров заданд.

«Динамо»-и Самарқанд, ки соли 1960 таъсис ёфтааст, дар замони шӯравӣ дар лигаи дуюми чемпионати СССР бозӣ мекард, Дар даврони истиқлолияти Узбекистон “Динамо” ширкаткунандаи доимии мусобиқаи Лигаи олии футболи ин кишвар буд (ба ҷуз солҳои 1994, 1998, 2016).

Аз соли 2018 лигаи олӣ Суперлига ва лигаи аввал Про-лигаи Узбекистон номида мешавад. Соли гузашта «Динамо» дар лигаи олии Узбекистон ҷойи 12-умро гирифт ва ба лигаи аввал гузашт. “Динамо” аз мавсими имсола дар Про-лигаи Узбекистон, ки аз рӯи дараҷа ва моҳияти худ дувумин лигаи ин кишвар ба шумор меравад, бозӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки дастовардҳои бузурги “Динамо” дар замони истиқлолият финалист ва ҷоизадори нуқраи Ҷоми Узбекистон дар мавсими 1999 /2000, инчунин ҷойи чаҳорум дар мавсими соли 2000-ум дар мусобиқаи лигаи олии ин кишвар мебошад.

Дарвоқеъ, дар ҳайати дастаи «Динамо» дар замони Истиқлолияти давлатии Узбекистон шогирдони футболи тоҷик, монанди Муҳсин Муҳаммадиев, Раҳматулло Фузайлов ва Шӯҳрат Ҷабборов бозӣ кардаанд. Инчунин, собиқ бозигарони дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе Ҳаким Фузайлов (солҳои 2000-2002), Азамат Абдураҳимов (2008-2010), Сергей Арслонов (2010) ва Эдгар Гесс (2017) сармураббиёни “Динамо” буданд.

“Хуҷанд”, ки соли 1976 таъсис ёфтааст, ягона дастаест, ки дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон дар ҳамаи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар то имрӯз иштирок мекунад. “Хуҷанд” солҳои 1996, 1997, 2008, 2009 медалҳои биринҷӣ ва солҳои 1998, 2002, 2015, 2017 медалҳои нуқраро ба даст оварда, чор бор (1998, 2002, 2008 ва 2017) барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

«Хуҷанд» дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо 36 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. «Истиқлол»-и Душанбе низ 36 имтиёз дорад ва бо назардошти таносуби тубҳо дар зинаи дувум ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG