Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатори Ҷумҳурихоҳ Трампро барои сиёсӣ кардани тафтишот танқид кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Сентатори амрикоӣ ва узви ҳизби Ҷумҳурихоҳ Бен Сасс президент Доналд Трампро ба кушиши сиёсӣ кардани фаъолияти ниҳодҳои тафтишотӣ муттаҳам кард.

Рӯзи душанбе Трамп бо нашри як пайғом дар твиттер додситони кулл Ҷефф Сешнсро танқид кард ва гуфт, сарфи назар аз интихоботи зудраси Конгресс, ӯ ду узви ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз Палатаи намояндагонро ба додгоҳ супурд.

"Сешнс кореро ба анҷом расонд, ки ҳанӯз маъмурияти Обама сар карда буд ва бо ин, ин ду ҷойро дар палатаи поёнӣ зери шубҳа бурд",- гуфт Трамп. Яке аз конгрессменҳо ба тақаллуби коғазҳои қимматбаҳо муттаҳам шудааст, дигарӣ ба истифодаи ғайримақсадноки харҷҳои хайриявӣ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ.

Сенатор Бен Сасс дар посух ба изҳороти Трамп гуфт, ки "Ийолоти Муттаҳидаи Амрико - ҷумҳурии тавлидкунандаи банан нест, ки сохтори адлияи тақсимшуда дошта бошад, ки якеро барои ҳизби ҳоким ва дигареро барои мухолифин истифода кунад". Ӯ гуфт, ин ду сиёсатмадор дар заминаи далелу мадракҳои воқеӣ муттаҳам шуданд, на мансубияти ҳизбии нафаре, ки он замон курсии Кохи сафедро ишғол мекард".

"Масъулияти президент кафолати иҷрои Қонуни асосӣ ва присипи адолати бетарафона аст, на баҳо додан ба фаъолияти сохторҳои тафтишотӣ", афзуд Сасс.

Сенатор дар гузашта низ Трампро барои таҳдиди ошкори барканор кардани Ҷефф Сешнс, ки ихтиёран аз таҳқиқи робитаи эҳтимолии ситоди интихоботии Трамп бо Кремл кашида буд, танқид кард.

XS
SM
MD
LG