Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурӯҳои Афғонистон ноҳияеро дар шимол аз Толибон бозпас гирифтанд


Нурӯҳои Афғонистон дар Ғорӣ
Нурӯҳои Афғонистон дар Ғорӣ

Нерӯҳои амниятии Афғонистон як ноҳияи калидӣ дар вилояти шимолии Бағлонро аз Толибон бозпас гирифтанд. Дар ин бора волии вилоят хабар дод.

Амалиёти гирифтани Наҳрин субҳи 4-уми сентябр дар ҳоле ба анҷом расид, ки Толибон бо хисороти ҷонии зиёд шабона аз ин ноҳияи ақиб нишастанд,- гуфт волии Бағлон Абдулло Неъматӣ.

Неъматӣ гуфт, дар амалиёте, ки субҳи 3 сентябр оғоз шуд дастикам 6 ҷангии Толибон кушта ва 14 нафар захмӣ шуд. Неъматӣ дар бораи хисороти ҷонии нерӯҳои давлатӣ маълумот надод.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бағлон мегӯяд, ки дар ҷараёни амалиёти 24 соата барои гирифтани Наҳрин, садҳо сокини мулкӣ аз хонаҳояшон фирор карданд. Якчанд хона хароб шуд.

Волии вилоят мегӯяд, ки нерӯҳо ба кофтукоби ҷангиёни Толибон дар минтақа идома медиҳанд. Толибон то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.

Ҳамзамон, нерӯҳои амниятӣ амалиёти дигарро барои озод кардани минтақаи Чорӣ оғоз карданд, ки Толибонро онро рӯзи 2 сентябр ғасб карданд.

Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон Муҳаммад Родманиш бегоҳи рӯзи 3 сентябр гуфт, ки мавзеи Чорӣ дар ноҳияи Давлатобод "базудӣ" аз Толибон озод хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG