Бозиҳои даври ҳабдаҳуми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Дар ду бозӣ мизбонон, дар се бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд, як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.
Пешсафи ҷадвали мусобиқот – “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан – дар меҳмонӣ бар «Шоҳин»- и Муъминобод бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд. Зимнан, “Истаравшан” ягона дастест, ки то ҳоло бохт надорад. Футболбозони шаҳри Истаравшан, ки дар 17 бозӣ 45 имтиёз гирифтаанд, дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб намудаанд.
“Эсхата”-и Хуҷанд, ки бозии навбатиро дар майдони худ бо “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, бо 38 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад.
«Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки дар меҳмонӣ «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бо 33 имтиёз дар зинаи cевум ҷойгир шудааст.
Се бозии дигари даври ҳабдаҳум бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расид: «Дӯстӣ» – «Равшан» – 3:1, «Сомон» – «Душанбе-83» – 1:4, «Ҳулбук» – «Исфара» –3:0.
Бозиҳои даври ҳаждаҳуми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 6-8-уми сентябр баргузор мешаванд.
Мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Натиҷаҳои бозиҳои даври 17-ум:
«Эсхата» – «Ваҳдат» – 1:1
Голҳо: Саидамир Мирзоев, 15 (1:0). Самариддин Расулов, 26 (1:1).
Аз майдон хориҷ шуд: Эммануэл Кудиабор («Ваҳдат»), 52 – барои зӯроварӣ.
Беҳтарин бозигари дидор: Самариддин Расулов («Ваҳдат»).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
30 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 300 тамошогар.
«Зарафшон» – «Саройкамар» – 1:2
Голҳо: Насим Мамадқулов, 22 (0:1). Фозилҷон Ҳабибов, 25 (1:1). Насим Мамадқулов, 33 (1:2).
Аз майдон хориҷ шуд: Билол Султонов («Зарафшон»), 54 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Насим Мамадқулов («Саройкамар»).
Сардовар: Эркин Мадибоев (Душанбе).
30 август. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошогар.
«Дӯстӣ» – «Равшан» – 3:1
Голҳо: Мунис Каримов, 47 (1:0). Рамазон Сангов, 64 (1:1). Мунис Каримов, 80 (2:1). Мунис Каримов, 90+3 (3:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Мунис Каримов («Дӯстӣ»).
Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
30 август. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошогар.
«Сомон» – «Душанбе-83» – 1:4
Голҳо: Авуку Калеб, 18 (0:1). Авуку Калеб, 20 (0:2). Элчибек Рашидбеков, 41 (0:3). Бахтовар Наҷмиддинов, 44 (1:3). Идрис Амину, 49 (1:4).
Беҳтарин бозигари дидор: Авуку Калеб («Душанбе-83»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
31 август. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошога.
«Шоҳин» – «Истаравшан» – 0:3
Голҳо: Диловар Бойқузиев, 32 (0:1). Абдураҳмон Қурбонов, 63 (0:2). Илҳом Баротов, 85 (0:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Илҳом Баротов («Истаравшан»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
31 август. Муъминобод. Варзишгоҳи марказӣ. 1200 тамошогар.
«Ҳулбук» – «Исфара» – 3:0
Бозии «Парвоз» – «Локомотив-Помир» ба муҳлати дертар гузаронида шудааст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
17 |
14 |
3 |
0 |
40-10 |
45 |
2 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
17 |
12 |
2 |
3 |
37-25 |
38 |
3 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
17 |
10 |
3 |
4 |
34-18 |
33 |
4 |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
17 |
9 |
3 |
5 |
33-20 |
30 |
5 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
17 |
9 |
3 |
5 |
33-22 |
30 |
6 |
«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) |
16 |
9 |
1 |
6 |
29-18 |
28 |
7 |
«Исфара» (Исфара) |
17 |
8 |
2 |
7 |
31-25 |
26 |
8 |
«Дӯстӣ» (Ҷайҳун) |
17 |
7 |
1 |
9 |
27-36 |
22 |
9 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
17 |
6 |
3 |
8 |
21-29 |
21 |
10 |
«Сомон» (Данғара) |
17 |
4 |
4 |
9 |
29-38 |
16 |
11 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
14 |
4 |
2 |
8 |
26-27 |
14 |
12 |
«Шоҳин» (Муъминобод) |
16 |
3 |
2 |
11 |
21-39 |
11 |
13 |
«Зарафшон» (Панҷакент) |
17 |
3 |
1 |
13 |
20-44 |
10 |
14 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
16 |
2 |
2 |
12 |
11-41 |
8 |
Голзанҳои пешқадам: Соҳибҷон Ваҳҳобов («Саройкамар») – 15 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 14 тӯб.
Даври 18-ум
6 сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Ваҳдат» – «Равшан»
«Саройкамар» – «Дӯстӣ»
«Исфара» – «Зарафшон»
«Душанбе-83» – «Шоҳин»
7 сентябр (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 16:30
«Эсхата» – «Сомон»
8 сентябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:30
«Истаравшан» – «Парвоз»