Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: "Хуҷанд" ва "Регар" дар меҳмонӣ пирӯз шуданд


Ду бозии аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзи панҷшанбеи 23-юми август баргузор шуд. Дар ҳарду бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар тими мизбон - «Барқчӣ»-и Ҳисор - бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳарду гол дар дақиқаҳои охири бозӣ зада шуд. Ҳисобро Дмитрий Горбушин дар дақиқаи 86-ум боз намуд. Голи дувумро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90+3 ба самар расонд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар меҳмонӣ тими «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 4-ум ҳисобро кушод. Голи дувумро Сафаралӣ Каримов дар дақиқаи 42-юм ба ҳадаф расонд. Фирӯз Раҳматов голи севумро дар дақиқаи 89-ум зад.

Ба ин тартиб, дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» барои ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан заминаи устувор гузоштанд.

Дар як бозии дигари даври чорякниҳоӣ, ки рӯзи душанбеи 27-уми август доир мегардад, дастаи лигаи дувум - «Файзканд» (Восеъ) – дар майдони худ бо намояндаи лигаи аввал - «Душанбе-83» (Душанбе) – рақобат мекунад.

Боз як бозии чорякфиналӣ рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Локомотив-Помир» (Душанбе) барпо меградад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки барои тамошобинон 25 ҳазор ҷойгоҳ дорад, доир хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 даст меёбад.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Ҷоми Тоҷикистон-2018

1/4 финал. Бозиҳои аввал

23 август (панҷшанбе)

«Барқчӣ» – «Хуҷанд» - 0:2

Голҳо: Дмитрий Горбушин, 86 (0:2). Ҷаҳонгир Эргашев, 90+3 (0:2).

23 август. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» - 0:3

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 4 (0:1). Сафаралӣ Каримов, 42 (0:2). Фирӯз Раҳматов, 89 (0:3).

23 август. Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

27 август (душанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Файзканд» – «Душанбе-83»

Восеъ, Варзишгоҳи марказӣ

2 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG