Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зани ҳамҷинсгаро дар Малайзия барои ишқварзӣ шаллоқ хӯрданд


Ду зани мусалмони ҳамҷинсгаро дар Малайзия барои кӯшиши ишқварзӣ дар дохили мошин ба 6 зарбаи шаллоқ маҳкум шуданд.

Додгоҳи яке аз аёлатҳои шимолии Малайзия ин ду занро барои нақзи қонуни шариат муҷрим эълон кард. Ба ғайр аз ин, ҳар яке аз ин занҳо бояд ба маблағи се ҳазор ринггити малайзӣ - баробар ба 800 доллари амрикоӣ - ҷарима супоранд.

Номи ин занҳо ошкор нашудааст, танҳо маълум аст, ки яке 32 ва дигаре 22-сола аст. Пулис онҳоро моҳи апрели имсол боздошт карда буд.

Ин аввалин муҷозот ба занҳои ҳамҷинсгаро дар Малайзия аст. Ҳудуди 100 нафар маросими шаллоқхӯрии занҳоро тамошо карданд.

Созмонҳои ҳомии ҳамҷинсгароҳо ва фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ки додрас бисёр як намунаи бадро имтиҳон кард, ки метавонад на танҳо дар робита ба ҳамҷинсгароҳо, балки тамоми мардуми Малайзия истифода шавад. Намояндаи мақомоти Малайзия ба хабаргузории Reuters гуфт, ки ҳукм на ба хотири шиканҷа ва ё маҷруҳ кардан, балки ба хотири панд додан ба ин занҳо истифода шуд.

61 дар сади аҳолии Малайзия аз дини Ислом пайравӣ мекунад. Аёлатҳои Малайзия метавонанд қонунҳоеро бар пояи шариати Ислом қабул кунанд. Қонунҳои шариат ҳамагуна робитаи ҳамҷинсҳоро манъ мекунад. Фаъолони ҳуқуқи инсон афзоиши рӯҳияи мазҳабиро дар ин кишвар мушоҳида мекунанд.

XS
SM
MD
LG