Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина барои ворид шудан ба НАТО ва Иттиҳоди Аврупо омода мешавад


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Президент Петро Порошенко тарҳи таъғирот ба Қонуни асосиро дар порлумон сабт кард, ки ба ҳамоиши Украина бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо рабт мегирад. Дар ин бора намояндаи президент дар порлумони Украина Ирина Лутсенко дар ҷаласаи ҷиноҳои порлумонӣ, кумитаҳо ва гурӯҳҳои намояндагони мардумӣ дар Рада хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, агар таъғирот қабул шавад, масъулияти порлумон, президент ва кабинети вазирони Украина дар ин раванд бо қонун муаян хоҳад шуд.

Порошенко ҳамчунин пешниҳод кард, аз Қонуни асосӣ бандеро бардоранд, ки ба иҷораи пойгоҳҳои низомии кишвар аз тарафи нерӯҳои хориҷӣ иҷоза медиҳад. Ба гуфтаи Лутсенко манзур "ҳузури нерӯҳои баҳрии Русия аст, ки дар шибҳаҷазираи Қрим мустақар шудаанд.

XS
SM
MD
LG