Гуруҳи 210-нафарии ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 1-уми сентябр тавассути ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба Душанбе омад.
Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфтанд, ки бозгашти нахустин гуруҳи ҳоҷиён шоми 31-уми август ба Хуҷанд сурат гирифта буд. Ин маърака то ду ҳафтаи дигар идома хоҳад кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳоҷиёни тоҷикро намояндагони Кумитаи дин ва пайвандон пешвоз гирифтанд.
Имсол барои адои ҳаҷ ба Саудӣ беш аз шаш ҳазор нафар рафтааст.
Ҳаҷ барои ҳар мусалмон дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ фарз шудааст. Аммо тибқи қарори се соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳақ доранд, ки ба Ҳаҷ бираванд.