Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На ҳама ба "сити-корт" одат кардаанд. ВИДЕО


Истифодаи корти электронӣ барои пардохти ҳаққи роҳкиро ба баҳсҳои чандсолаи Зулфия Гулмирзоева ва пулчинҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ нуқта гузошт. Ин сокини пойтахт мегӯяд, ҳар субҳ роҳат ва бидуни ҷанҷолу асабоният ба ҷои кор меравад.

Зулфия дигар дар дохили мусофирбар бо кондуктор на барои бақияи роҳкиро баҳс мекунаду на бар сари пулҳои фарсуда. "Аммо дар гузашта ин мушкил буд, ки маблағро ба пулчин медодӣ, боз нигоҳ мекардӣ, бақия намедод, чӣ гӯям, хулоса мушкилиҳо зиёд буд",-мегӯяд Зулфия.

Мақомоти шаҳрдорӣ низоми электронии пардохтро танҳо ба манфиат ҷомеа медонанд ва мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин мушкилӣ тӯлонӣ нахоҳад буд ва дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Аммо онҳое, ки мисли Зулфия ба қавле аз як "дарди сар" халос шуданд, чандон зиёд нестанд. Бо гузашти чанд моҳ аз ҷорӣ шудани низоми нави пардохти электронӣ дар автобус ва троллейбусҳои Душанбе, ба назар мерасад, ки гурӯҳи ками сокинон ба он одат кардаанд. Ронандаҳо мегӯянд, бархеҳо ҳатто бидуни корт вориди мусофиркаш мешаванд ва бо онҳо сари ин шеваи пардохти роҳкиро соатҳо баҳсу ҷанҷол мекунанд.

Искандар Зоиров, ронандаи хатсайри 28 мегӯяд, "мардум корт намехаранд, чӣ кор кунем? Савор накунем, мошини давлат аст, мегӯянд. Валидатор ҳаст, ҳама чӣ ҳаст, корт шавад, ба мо хуб аст",-афзуд ӯ.

Корти электронӣ 10 сомонӣ нарх дорад ва чаҳор сомонӣ пули худи корт ва шаш сомонии дигар дар ҳисобаш захира мешавад. Ин миқдор пул барои чаҳор бор истифода аз автобус ва 6 дафъа нишастан дар троллейбус кофӣ аст. Терминалҳои махсус барои пур кардани ҳисоби кортҳо дар ҳар истгоҳ гузошта шудааст. Дар назди ин терминалҳо ихтиёриён ҳам корт мефурӯшанд.

На ҳама ба "сити-корт" одат карданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Таблиғи сити-корт аз сӯи шаҳрдорӣ

Барои аз байн бурдани мушкили ҳамарӯзаи байни мусофиру пулчинҳо ва сокинони норозӣ аз усусли мудерни пардохти роҳкиро, масъулини шаҳрдорӣ барномаҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро рӯи даст гирифтанд. Аммо ба фарқ аз таблиғотҳои маъмулӣ дар робита ба ҳар тасмими ҷадид, ин навбат масъулини шаҳрдорӣ чорабиниҳои таблиғотиро нахуст миёни наврасон шурӯъ карданд.

Марями 8-сола бо кӯмаки модараш барои нахустин бор "City Card" ва ё корти электронӣ харид. Волидонаш ҳам ба ӯ тавсия доданд, ки беҳтар аст бо истифода аз корт ҳаққи роҳро пардохта, аз баҳсҳои беҳуда бар сари бақияи роҳкиро бо пулчин худдорӣ кунад.

Масъулини ин барномаҳои таблиғотӣ ба Марям ва ҳамсолонаш тарзи харидории корт, пардохти тавозун ва истифодаи он дар нақлиётҳои ҷамъиятиро меомузонанд. Ҳамзамон, ба хотири ҷалби наврасону ҷавонон барои истифода аз ин кортҳо афроди шинохта ва барои онҳо ҷолиб ҷалб шудаанд. Бахтиёр Қосимов, маъруф ба Баха-84, рэпсарои маъруфи тоҷик ҳамроҳ бо ҷавононе, ки либосҳои қаҳрамонҳои филмҳои маъруфи мисли "Одам-тортанак"-ро ба тан доранд, дар чорабинии таблиғотӣ иштирок мекунад.

Роҳандозии чорабиниҳои таблиғотии масъулини шаҳрдорӣ барои аз байн бурдани мушкили мусофиру пулчин дар ҳолест, ки бархе ҳам мегӯянд, истифода аз низоми электронӣ меҳмонони пойтахтро нороҳат мекунад. Бобохон Раҳматуллоев, сокини пойтахт мегӯяд, "харидории ин кортҳо барои нафароне, ки аз ноҳияҳо ба пойтахт меоянд, зарурат надоранд, ҳамчунин афроде, ки аслан барои равуо аз автобус ё тролейбусҳо истифода намекунанд, кори беҳуда аст".

Мақомот: "Ба нафъи ҷомеа аст"

Мақомоти шаҳрдорӣ низоми электронии пардохтро танҳо ба манфиат ҷомеа медонанд. Ба бовари онҳо, ба эҳтимоли зиёд ин мушкилӣ тӯлонӣ нахоҳад буд ва дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Зафар Бурҳонзода, раҳбари иҷроияи ширкати "Авастогрупп", ки ба тавлиди ин кортҳо машғул аст гуфт, "то ин замон сад ҳазор сокини Тоҷикистон корти электронӣ харидааст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки метавонем лоиҳаро пурра ҷорӣ намоем".

Талоши шаҳрдорӣ Душанбе ҳам барои боло бурдани фарҳанги истифодаи сити-корт тоза ҳанӯз чанд моҳ қабл шурӯъ шуд. Онҳо мегӯянд, тасмим доранд, ки бо роҳандозии пардохти электрони роҳкиро шеваҳои наву мудерни фарҳанги истифода дар дохили нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва пардохти харҷи онро ҷорӣ кунанд ва аз усулҳои кӯҳнаву замони шӯравӣ марҳила ба марҳила даст кашанд.

Шикояти мусофирон аз нақлиёти шаҳрӣ

Арзиши амалкунандаи роҳкиро барои нақлиёти ҷамъиятӣ вобаста ба навъаш аз 70 дирам то 1 сомонию 20 дирам муқаррар шудааст, вале аксар вақт мусофирон шикоят мекунанд, ки аз онҳо маблағи роҳ барзиёд, яъне бидуни бозгардони бақияи пул ситонида мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ ҳам аз аввал мегуфтанд, ки як ҳадафи аслии ҷорӣ кардани низоми нав, маҳз аз байн бурдани ҳамин мушкил аст.

Дар кишварҳои аврупоӣ масъалаи пардохти харҷи роҳкиро бо чанд роҳ – хариди билет дар дохили мусофирбар ё дар нуқтаҳои махсуси билетфурӯшӣ ба роҳ монда шуда, шахсони масъул ҳар сари чанд вақт дар дохили автобус ё метро санҷиши мусофиронро анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG