Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 30-юми август таҳдид кард, агар дар рафтори Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ тағйире ба миён наояд, Вашинтгон аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Блумберг" гуфтааст, "агар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ рафторашро беҳбуд набахшад, ман аз Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ хориҷ хоҳам шуд."
Тибқи гузоришҳо, Доналд Трамп ба шиддат аз фаъолиятҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар баробари Амрико, асабонӣ мебошад.
Хабаргузориҳо менависанд, ки чунин иқдом метавонад боиси заъиф шудани яке бунёдҳои аслии системаи тиҷорати ҷаҳонӣ шавад, дар ҳоле, ки Амрико худ аз бунёдгузорони ин созмон аст. Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар соли 1995 таъсис шудааст. Вазифаи аслии ин созмон, пешбурди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳалли ихтилофҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои узв аст.
Бо ин ҳол, Доналд Трамп гуфтааст, дар арсаи тиҷорати ҷаҳонӣ кишварҳо робитаҳои мунсифона бо Амрико надоранд. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин ҳушдор додааст, ки эҳтимолан алайҳи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ чораҳое рӯ даст хоҳад гирифт. Вале ӯ тавзеҳи бештаре дар ин хусус ироа накард.
Дар ҳоле Доналд Трамп Созмони тиҷорати ҷаҳониро таҳдид кардааст, ки моҳи гузашта шабакаи телевизиони SNBS ҳам гузориш дод, ки раиси ҷумҳури Амрико бо шуморе аз мақомҳои баландпояи Кохи Сафед гуфтааст, ки хоҳони хуруҷи Амрико аз Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ аст. Тибқи ин гузориш, Доналд Трамп ба шиддат аз фаъолиятҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар баробари Амрико асабонӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Роберт Лайтхайзер, намояндаи Амрико дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ низ ба шиддат аз узвияти Чин дар ин созмон дар соли 2001 интиқод кардааст. Намояндаи Амрико гуфтааст, Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ қодир нест бо кишварҳое, ки бозори озод надоранд, монанди Чин, муқобила кунад.
Роберт Лайтхайзер ҳамчунин аз сисемаи ҳалли ихтилоф ва расидагӣ ба шикоятҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ интиқод карда ва гуфтааст, ин система ба навъе мудохила дар умури ҳокимиятии Амрико ба шумор меравад.
Доналд Трамп дар ҷараёни муборизаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико шиорҳое дар ростои ҳимоят аз саноати дохилии кишвараш матраҳ кард ва тайи моҳҳои ахир низ дар ҳамин росто таруфаҳои воридотии бархе колоҳо аз Аврупо ва Чинро афзоиш додааст. Ин иқдоми Амрико вокуниши Аврупо ва Чинро дар пай доштааст.