Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нохунсафед – Ба бачаи Гул дар Чехия номи тоҷикӣ гузоштанд. ВИДЕО


Рӯзи 29-уми август дар боғи ҷонварони шаҳри Ҳлубока над Влтавоуи Ҷумҳурии Чех ид буд. Дар ин рӯз меҳмонон ва маъмурияти боғ ба муносибати таваллуди нахустин хирсаки нохунсафед ҷашн барпо карданд.

  • Ба хирсаки наре, ки 1-уми январи имсол аз модари тоҷикаш Гул ва падари чехаш Алтай таваллуд шуд, дар маросими вижае тоҷикӣ ном гузоштанд. Исми хирсак Нохунсафед шуд. Ба ин муносибат ба модару кӯдак як кӯлчақанди махсус ҳам тақдим шуд, ки аз меваву шириниҳои табиӣ ва яхзада таҳия гардидааст.
Хирсҳои нохунсафед, ҳамчун навъи нодири ҷонварон, таҳти ҳимояти қонунҳои байналмилалӣ ва CITES – эъломияи тиҷорати байналмилалии навъҳои нодири ҷонварону наботот қарор доранд

"25 ном фиристода шуд"

Исми хирсаке, ки баъди кӯч додани модараш аз боғи ҷонварони Душанбе дар Ҷумҳурии Чех таваллуд шуд, бо кумаки хонандагони вебсайти Радиои Озодӣ интихоб гардид. Аз миёни даҳҳо номи тоҷикии пешниҳодии хонандагони вебсайти Озодӣ, парасторони хирсак маҳз исми илмии “Нохунсафед”-ро хуш пазируфтанд.

Зоологи боғии ҷонварони шаҳри Ҳлубока над Влтавоу Иван Кубат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Шумо ба мо дар интихоби ном кумак кардед. Ман дар суханронии худ дар маросими муаррифии хирсак гуфтам, ки бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба хонандагонаш муроҷиат кард ва аз онҳо хост, дар интихоби номи тоҷикӣ ба хирсак ёрӣ кунанд. 25 ном ирсол шуд ва мо Нохунсафедро интихоб кардем".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ба бачаи Гул дар Чехия номи тоҷикӣ гузоштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

"Солиму шӯх аст"

Ба суоли инки чаро интихоб маҳз сари ин ном афтод, ӯ гуфт: "Ба он сабаб, ки ин навъи хирс ба забони русӣ тиёншонӣ ном дорад. Ба забони англисӣ ҳимолоӣ мегӯянд. Ба забони чехӣ плавӣ мешавад. Зоологи рус Николай Севертсов нахустин донишманде буд, ки ин хирсро дар соли 1873 тасвир кардааст. Ӯ гуфт, ин хирси нохунсафед аст ва зоологҳои тамоми ҷаҳон вақте ин номро мешунаванд, медонанд, ки сухан дар бораи ҳамин навъи хирс меравад. Барои мо ҳам хуш омад, ки ҳамин номро ба хирсбача гузорем".

Нохунсафед рӯзи 1-уми сентябр нӯҳмоҳа мешавад ва ба гуфтаи масъулини боғ, худро хеле хуб ҳис мекунад, солиму шӯх аст ва қадаш тахминан бо модараш баробар шудааст.

Барои шодбошии Нохунсафед на танҳо тамошобини зиёд, балки мақомоти вилояти Чехияи Ҷанубӣ ҳам омада буд. Таваллуди хирси барои шароити Аврупо ғайриоддӣ барои ҳамаи онҳо мояи ифтихор буд.

Аз Тоҷикистон то Чехия

Таваллуди Нохунсафед дар боғи ҷонварони “Оҳрада” як ҳодисаи муҳим буд. Ин тифл ҳосили талошҳои дусолаи зоологҳо барои парвариши зоти нодири ҷонварҳо дар ин боғ мебошад.

То таваллуди Нохунсафед модари ӯ Гул ва хирси дигари мода - Зӯҳро танҳо намунаи нодири хирсҳои тиёншонӣ дар Аврупо ба ҳисоб мерафтанд. Ин ду хирс дар пайи музокирот бо боғи ҷонварони шаҳри Душанбе ва баъди як саёҳати заминии 15-рӯза охири моҳи июли соли 2015 ба Чехия оварда шуданд. Роҳи интиқоли хирсҳо аз Тоҷикистон шурӯъ шуда, тавассути роҳи Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Литва, Полша ниҳоят дар Чехия тамом шуд. Бар ивази ду хирс чехҳо ба боғи ҷонварони Душанбе чаҳор кенгуру доданд.

Хирси нодир

Хирсҳои нохунсафед, ҳамчун навъи нодири ҷонварон, таҳти ҳимояти қонунҳои байналмилалӣ ва CITES – эъломияи тиҷорати байналмилалии навъҳои нодири ҷонварону наботот қарор доранд. Тоҷикистон зери ин санад имзо нагузоштааст ва аз ҳамин хотир, таҳияи санадҳои иҷозатдиҳандаи берунории хирсҳо то ду сол тӯл кашид.

Маъмурияти Боғи ҷонварони «Оҳрада» мегӯяд, ки хирсҳои нав малламӯй буда, аз оилаи хирсҳои тиёншонӣ ҳастанд, намунаҳояшонро танҳо дар боғҳои ҷонварони Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Русия ва, инак, шаҳри Ҳлубока над Влтавоуи Чехия пайдо кардан мумкин аст. Хирсҳои бӯри тиёншонӣ ё нохунсафед ба Китоби сурх ворид шуда, дар табиати ваҳшӣ ҳамчун хирсҳои дар ҳоли нобудшавӣ ёд мешаванд. Дар кӯҳҳои Помиру Осиёи Ҷанубӣ шумори умумии ин хирсҳо дар ҳудуди 200 сар гуфта мешавад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG